"Сад савол ба Хоҷа Зулфиқори Девона" - Додоҷон Атовуллоев

"Сад савол ба Хоҷа Зулфиқори Девона" сарлавҳаи мусоҳибае буд, ки ман бо Темур Зулфиқоров ороста будам. 

Аммо дар асл сад не, шояд ҳазор савол буд. Тасодуфан як китобашро хондам ва аз паси ҷустуҷӯи он Девона шудам. 
Ин соли 1985 ё 86 буд. Он замон кам нафароне буданд, ки ӯро мешинхтанд, бо ӯ ва осораш ошноӣ доштанд. Аввал бо модари шоир Людмила Владимировна Успенская вохӯрдам. 

Ин олими бузург ва модари бузурги шоири бузург аз рӯзгори писараш қиссаҳо кард ва телефони манзили ӯро дар Маскав дод. 
Дигар сар шуд. 

Даҳҳо маротиба бо Зулфикоров дар хонаи модараш, ки паҳлуи "Зелёный бозор” буд дидору мулоқот доштам. Сафарҳо ба Ҳисор, Варзоб, Зимчирӯд, сайру гашт дар хиёбонҳои Душанбе. 

"Фотосессия" . Суратгири редаксия Аҳлиддин Исоев асаби мешуд: "барои як сурат ҳазор кадр бардорам?! " Аммо боз чизе барои интервью намерасид. Билет харидам ва рафтам Маскав, назди Шоир. 

Ҳамкорон ҳайрон мешуданд: "барои мусоҳибае, ки дар як саҳифаи рӯзнома чоп мешуд, 40 сум ҳақи қалам мегирӣ, аммо 1000 сум сарф мекунӣ..."
Хулласи калом мусоҳиба дар " Комсомоли Точикистон" , ки тиражаш беш аз 250 000 буд, чоп шуд. Дар маҷлису маҳфилҳо сухан аз Шоири ноошно мерафт. Баъдан фаҳмидам, ки дар Сека( роҳбарияти ҳизби коммунист) аз ин мақола норозӣ шудаанд ва дар рӯзномаҳои дигар чанд мақола бар зиди навиштаи ман пайдо гашт. 

Ҳатто Устод Мӯъмин Қаноат, ки раиси Иттифоки нависандагон буданд, дар маърӯзаи худ дар пленуми Иттифоқ ин мусоҳибаро махсус танқид карданд ва онро "панегерик" номиданд. 

Албатта, ман ман намебудам, агар сокит меистодам ва ба Устод Қаноат, ки он замон аз шахсиятҳои "бурун аз танқид" ҳисоб меёфтанд, посух наменавиштам. 
Барои худситоӣ не, инсофан он мусоҳиба бори нахуст як фарзанди тоҷикро ба Тоҷикистон муаррифӣ кард. Хуб ёд дорам, дар паҳлуи “Дом печати” як дӯкони китобфурӯшӣ буд, ки дӯстонам кор мекарданд, гуфтанд, ки як китоби Зулфиқоров ба русӣ аз чандин вақт ба ин сӯ дар раф хоб буд, дар ду рӯз пурра ба савдо рафт! 

Баъди муҳоҷират ба Маскав низ борҳо бо Устод вохӯрдаам. Ва боре дар сафҳаи аввали "Чароғи рӯз" як навиштаи Устодро бо сарлавҳаи "Ходжа Насриддин и нынешная власть" чоп кардам. Устодро ба сафорат даъват карда , норозигӣ кардаанд. Гарчанде ин як ривоят буду халос. 

Дигар чи гӯям? Пас аз он ки Зулфиқоров ба номи Президенти Тоҷикистон нома навишт, сахт ба хашм омада будам ва мехостам муаллифи номаро “бикӯбам”, ки бародари азиз Сафар Абдулло пеши роҳамро гирифт. Ва хуб шуд, ки нанавиштам. 

Охирин пайғомро як рассом соли гузашта расонд. Дар мулоқоте касе аз Зулфиқоров аз хусуси ман пурсидааст ва шоир гуфтааст: "Атовуллоев агар биҳишт равад , дар он ҷо низ инқилоб мекунад!" 

Дуруд Хоҷа Зулфиқори Девона! 

Муборак бод рӯзи мавлуд! 

Зинда бод Темур Зулфиқоров!

P. S. Aгар нафаре аз мухлисон он матни он мусохибаро дарёб кунад ва бикорад, ба назарам кори савобе мешуд. 

Додоҷон АТОВУЛЛОЕВ

Шояд шумо суол ё назаре доред?