С.Абашин: Барои Маскав демократия ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ муҳим нест, то вақте...

Суҳбати ихтисосии TojNews бо Сергей Николаевич Абашин, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи Аврупоии Санкт Петербург. Нахустин суоли мо аз ӯ ин буд: -Ҷаноби Абашин, Сарвазири Русия Дмитрий Медведев изҳорот дод, ки қонунгузории муҳоҷиратро пурзӯр кардан мебояд. Ин изҳорот чӣ паёмадҳое хоҳад дошт барои муҳоҷирон?

-Айни ҳол дар бораи ин ки раиси ҳукумат чиро дар назар дошт, чизе гуфтан душвор аст. Барои пурзӯр кардани қонунгузории муҳоҷират чӣ иқдом хоҳад шуд, маълум нест. Дар ҳоле, ки қонунгузории имрӯза имкони муҳоҷиронро барои вуруд ба ФР, кору фаъолият кардани онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат маҳдуд месозанд. Қонунгузори имрӯза ҳам хеле шадид аст, муҳоҷирон барои камтарин қоидавайронкунӣ ҷарима мешаванд, аз кишвар хориҷ карда мешаванд.

Ва мо аллакай мебинем, ки ду соли ахир муҳоҷират хеле коҳиш ёфтааст. Аз Тоҷикистон барои мисол ҳудудан 20 дарсад коҳиш ёфт, ки натиҷаи буҳрони иқтисодӣ ва пурзӯр шудани қонунгузории муҳоҷират дар Федератсияи Русия. Шояд ҳукумат омодагӣ мебинад, ки иҷроиши ҳамин қонунҳоро боз ҳам пурзӯртар кунад. Шояд ин “ҳавои даҳан” бошад, зеро имсол интихоботи парлумонӣ аст, ки бояд дар тирамоҳ баргузор шавад. Ин мавзӯъ анъанавӣ шудааст ва барои популизм - худнамоии пешазинтихоботӣ бисёр қулай аст.

 - Ҷонибҳо "муҳоҷирати корӣ" гуфта дар Русия чиро дар назар доранд? Аз ҷуҷо аст ин тафовут дар шумори муҳоҷирон, аз он ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик; Чаро ҳукумати Тоҷикистон теъдоди онҳоро 680 ҳазор унвон мекунаду Маскав 900 ҳазор ҳисоб мекунад? – мухолифини хориҷ аз низом, умуан ин теъдодро 1,5 милион медонад, чаро? Дар Русия чанд шаҳрванди тоҷик ба сар мебарад? Чӣ қадари онҳо шиносномаҳои русӣ гирифтаанд?

-Дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳудуди 900 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон доиман будубош доранд. Ин омори расмӣ аст, ки он зимни вуруд ва ихроҷи шаҳрвандон дар сарҳади ФР ҳисоб карда мешаванд. Аммо ҳамаи онҳо муҳоҷирони корӣ нестанд. Қисме аз онҳо дар сафорат, консулгарӣ кор мекунанд, қисми дигар дар намояндагиҳои ширкатҳои хусусӣ, барои хондан, барои табобат ва ба дидорбинии наздикон омадаҳо ҳам кам нестанд. Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон онҳое ҳам ҳастанд, ки қобили кор нестанд, кӯдакон ҳам зиёданд. Теъдоди воқеии муҳоҷирони кории тоҷик, шояд 700 ҳазор нафар бошад.

Вале боз як чизро бояд ба назар гирифт, ки ин теъдоди он одамонест, ки дар ҳудуди Русия дар як замон будубош доранд. Як қисми муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд, қисми дигар меоянд ва ин ротатсия доиман амал мекунад. Дар муддати як сол, ба назари ман ин рақам ба 1 милион нафар мерасад. Бар замми ин боз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия ҳам, ки бо Тоҷикистон робитаҳои зич доранд, он ҷо оила доранд, пул мефиристанд. (ба ҳисоби тахминии ман) Инҳо ҳам муҳоҷирони корӣ маҳсуб мешаванд.

- Ду ҳафта пештар аз таҷлили 9-уми май – Рӯзи ғалабаи умумимардумии СССР бар фашизм, ҳисси миллатгароии русҳо дар Русия башиддат боло меравад. Дар як ҳафтаи гузашта, дар ҳудуди ин кишвар 13 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор гирифта, 9 нафари онҳо кушта шуданд. Ба назари Шумо ин чӣ сабаб дошта метавонад? Оё ин натиҷаи сиёсати тарҳрезишуда нест? Умуман дар Русия чӣ мегузарад?

- Хушунат бар пояи бадбинии миллӣ ва нажодӣ дар Русия як раванди хеле маъмули солҳои ахир аст. Шиддати ин хушунатҳо соли 2008 номбар мешавад, тибқи омори расмӣ, ки баъд аз он ҳолатҳои монанд коҳиш ёфтанд. Аммо маргумири шаҳрвандони хориҷӣ дар натиҷаи гирифтани осеб вақти кор, ҳодисаҳои нохуш, ё бо сабабҳои ҷиноӣ зиёд шудааст. Айни ҳол, гуфтан мушкил аст, ки соли 2016 дар пасманзари буҳрони иқтисодӣ, паст шудани сатҳи некуаҳволӣ ва албатта популизми сиёсӣ ҳисси бадбинии милливу нажодӣ дубора аланга мегирад ё на. Аммо ин амр аз имкон дур нест.

Аммо ин ҳам истисно нест, ки шояд ин бало маҳсули баҳсҳои шадид дар расонаҳо бошад. Вақте ин қабил ҳодисаҳо, дар ВАО бештар мавриди баррасиҳо қарор гирифтанд, аз ҷумла бо сабаби фаъол шудани диаспораҳо, журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар кишварҳое, ки муҳоҷир содир мекунанд.

- Дар Душанбе барои ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё (ИАО) ва Иттиҳоди гумрукӣ (ИГ) саросема нестанд ва барои ин асосҳое ҳам доранд. Аммо Русия чӣ тасмим дорад? Ва як саволи дигар: ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон, аз қабили баста шудани ҲНИТ, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инро дар Русия чигуна арзёбӣ мекунанд?

-Ба назари ман, дар доираҳои сиёсии Русия мавқеи устувор ва якдилонаи қабули Тоҷикистон ба ИАО вуҷуд надорад. Тарафдорон ва мухолифон ҳастанд. Ин боис шудааст, ки ин масъала то андозае мавқуф гузошта шуд. Ба ҳар сурат, то берун шудани Русия аз буҳрони иқтисодӣ.

Бо вуҷуди ин ҳам, Русия саъй дорад, нуфузашро дар Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад ва бо доираҳои роҳбарикунандаи кишварҳои ин минтақа муносибатҳои хуб дошта бошад. Сиёсатмадорони рус хеле зиёд ишора карданд, ки барои Маскав муҳимтар "нигоҳдории муносибати хуб бо доираҳои ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, то назорати риояи меъёрҳои демократия ва ҳуқуқи башар".

Демократия ва ҳуқуқи башар барои Кремл мавзӯи муҳим нест, то вақте, ки далелҳои рӯшан надошта бошанд, ки элитаҳои ҳукмрон ҳукуматро аз даст додаанд. 

Назарҳо

Сад дар сад дуруст аст, Русия дар тамоми олам пуштибони тогутхо буд, хаст ва хохад монд, зеро табиати онхо такозо мекунад. Неши каждум на аз пайи кин аст, Муктазои табиаташ ин аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?