Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон: Инкишоф, рушд ва ислоҳот

Агибай СМАГУЛОВ, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон

16 – уми декабри соли равон мардуми Ҷумҳурии Қазоқистон 24 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамоянд. Ба муносибати ҷашни асосии миллии ин кишвар Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай СМАГУЛОВ дар бораи дурнамои рушди ин кишвар ибрози андеша намуд, ки матни он манзури Шумо мегардад.

                                              *** 

Дӯстони арҷманди тоҷик! Ҷумҳурии Қазоқистон  24 - умин солгарди истиқлолияташро дар шароити душвори буҳрони амиқи низоми иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ пешвоз мегирад.Ҷавоби мо ба ин чолишҳои глобаливу дохилӣ Нақшаи Миллат  “100 иқдоми мушаххас”  мебошад, ки он стратегияи ислоҳоти ояндаи иқтисодиву сиёсӣ ва тағйироти куллии ҷомеаву давлат дар шароити нави таърихиро инъикос менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим, ки Президент Назарбоев онро пас аз бори дигар дар моҳи апрел ба ин мансаб интихоб шуданаш пешкаш намуда буд, иқдомоти мушаххас дар самти тезонидани раванди саноатсозӣ ва рушди иқтисодӣ, таъмини ваҳдат ва ягонагии мардум дар вазъияти душвори имрӯзаро муайян мекунад. Дар нимаи дуюми соли ҷорӣ Ҳукумати кишвар зиёда аз 80 қонунро тарҳрезӣ намуду Парлумон онҳоро қабул кард ва Президент имзо намуд, ки онҳо, ба хотири таъмини иҷрои Нақшаи Миллат, ба қонунгузории амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид мекунанд. Ин қонунҳо шуруъ аз 1- уми январи соли 2016 амал хоҳанд кард.

Ҳамзамон, марҳилаи дуввуми Барномаи давлатии рушди саноативу инноватсионӣ амалӣ  мегардад, ки ҳадафаш бунёди иқтисодиёти гуногунҷабҳаи новобаста аз захираҳои ашёи хом мебошад. Инчунин, Барномаи давлатии рушди инфрасохтор «Нурли жол» пиёда мешавад, ки он соли гузашта қабул шуда буд.

Ду ҳафта қабл, 30 - юми ноябри соли 2015, Нурсултон Абишевич Назарбоев дар Паёми худ “Қазоқистон дар воқеияти ҷаҳонии нав: Инкишоф. Рушд. Ислоҳот” ҷомеаи Қазоқистонро ба сарфакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои давлатӣ даъват намуд. Паёми мазкур зиёда аз 20 ташаббус ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла фаъолияти сектори молия, беҳсозии сиёсати буҷавӣ (бе зиёд намудани андоз аз соҳибкорӣ, ки роҳи наҷот аз вазъи кунунӣ намебошад) ва сиёсати инвеститсионӣ, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ.

Албатта, пиёдасозии ислоҳоти мазкур ва вазифаҳои дигари марбут ба ин ислоҳот душвор, ва шояд дарднок хоҳанд буд. Вале мо роҳи дигар надорем. Агар мо ҳозир ин ислоҳотро ҷорӣ накунем, мо бебозгашт аз рушди ҷаҳонӣ ақиб мемонем.

Дар маҷмуъ, ин чораҳои нави пешниҳодкардаи Сарвари давлат бояд, ки воридшавии Қазоқистонро ба сафи 30 иқтисоди тараққикардатарини ҷаҳон таъмин намоянд.

Мехоҳам қайд кунам, ки дастгоҳи идоракунӣ, соҳибкорон ва мардуми Қазоқистон ба имконияти амалишавии нақшаҳои оянда ва барномаҳои рушд боварии комил доранд, зеро барои ин тамоми шароит муҳайё шудааст, захираҳои лозимӣ мавҷуданд ва ягонагии мардуму ҳукумат таъмин аст.

Мо дар рафъи мушкилотамон танҳо нестем. Сиёсати берунаи мутавозини пешгирифтаамон ба мо имкон дод, ки дар саросари ҷаҳон дӯстони зиёде пайдо кунем, ки дар ин лаҳзаи душвор моро дастгирӣ мекунанд. Фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё суръат мегирад.  Мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин оиди ҳамкорӣ дар самти тиҷорати маҳсулоти ғайри ашёи хом ба маблағи 23 млрд. (доллар), бо Британияи Кабир ва Фаронса – ба маблағи 11,5 млрд. доллари ИМА ба созиш омадем. Ҳамкориҳои технологиамон боҶопон рӯз ба рӯз васеъ шуда истодаанд. 30 - юми ноябр Қазоқистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гашт. Дар чунин давраи душвор институтҳои молиявии ҷаҳонӣ барои мо имкони гирифтани қарз ба маблағи 9 миллиард доллари ИМА шароит фароҳам оварданд.

Моҳи сентябр, дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони ду кишвар ягонагии принсипҳоро дар сиёсати хориҷиашон изҳор намуданд. Бояд гуфт, ки бо имзо намудани Шартномаи ҳамкории стратегӣ кишварҳои мо саҳифаи наверо дар муносибатҳои мутақобилан судманд кушоданд, ки бар эҳтиром ва эътимод асос ёфтааст. Ҳамчунин, боз панҷ ҳуҷҷати дигаре низ ба имзо расида буданд, ки ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо ангезаи нав мебахшанд.

Мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва бунёди ҷаҳони орӣ аз силоҳи ҳастаӣ муттаҳид ҳастем. Мо ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези ҳама гуна низоъҳо ҳастем ва дар ин самт ҳар чӣ аз дастамон ояд, амалӣ месозем.

Ҳафтаи гузашта, 7 - уми декабр, Ассамблеяи генералии СММ Эъломияи умумии бунёди ҷаҳони орӣ аз силоҳи ҳастаиро тасдиқ намуд. Ин қатънома аз ҷониби 35 кишвари ҷаҳон пешниҳод гардид, ки аз қораҳои гуногун ва гуруҳҳои минтақавии мухталиф намояндагӣ мекунанд. Тоҷикистон якумин шуда ба ин иқдом пайваст. Ташаббускори ин қарор Президенти Қазоқистон мебошад, ки моҳи апрели соли 2010 дар Вашингтон дар ҷараёни Иҷлосия оиди амнияти ҳастаӣ онро пешниҳод карда буд.

Соли ҷорӣ боз як ташаббуси кишвари мо амалӣ гашта буд. Моҳи август Ҳукумати Қазоқистон ва Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ Созишнома оиди таъсиси бонки урани камғанигардонидашуда дар қаламрави мамлакатро имзо намуданд. Сӯзишвории дар ин бонк нигаҳдоришаванда барои истифодаи атом ба мақсадҳои осоишта бе сохтани силсилаи пурраи ҳастаии худ шароит фароҳам меоварад.

Дар чорчӯбаи 70 - умин Иҷлосияи умумии СММ Президенти Қазоқистон пешниҳод намуд, то як шабакаи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ таъсис дода шавад. Барои пиёдашавии ин вазифа зарур аст, ки як ҳуҷҷати фарогири СММ таҳия ва қабул гардад.

Дар айни ҳол, Қазоқистон комилан мутмаин аст, ки дини мубини Ислом бо терроризм ҳеҷ умумияте надорад. Ба ин хотир, ҳангоми сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Қазоқистон дар моҳи октябр, Сарвари кишвари мо идеяи таъсиси форуми “Ислом алайҳи терроризм” - ро пешниҳод намуд.

Умуман, дар робита бо вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, Президенти мо пешниҳод кард, ки ба пешвози 100 - солагии СММ “Нақшаи Ташаббуси Стратегии Умумиҷаҳонӣ – 2045” таҳия карда шавад. Ҳадаф аз ин нақша таҳияи стратегияи рушди умумиҷаҳонӣ мебошад, ки тавонад решаҳои амиқи сарзании ҷангу ҷидолҳоро рафъ намояд. Ин метавонад ба ҷаҳон раванди нави тараққиётро пешниҳод кунад, ки он бар пояи таъмини шароити одилонаи дастрасии тамоми миллатҳо ба инфрасохтор, захираҳо ва бозорҳои ҷаҳонӣ ва масъулияти ҳамагон барои рушди инсоният асос ёфтааст.

Бахшида ба ин санаи муҳими сарзаминамон бо боварӣ изҳор менамоям, ки равобити анъанавии дӯстӣ ва ҳамкории манфиатнок миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар оянда низ дар руҳияи рушд ва шукуфоии ҳарду миллат идома хоҳад кард.

 Агибай СМАГУЛОВСафири Фавқуллодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?