Русия ба воситаи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон $1,43 млн кумак мекунад

Русия ба Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) барои татбиқи лоиҳаи "Бақо ва рушди кӯдакони хурдсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  1,43 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур дастрасии бештари модарон ва навзодон ба хизматрасониҳои тиббӣ дар 12 ноҳияи Тоҷикистон аст. 

Аз Вазорати умури хориҷии ин кишвар ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки сармоягузорӣ ва дастгирии таҳлиливу техникии Русия дар татбиқи амалии лоиҳаи Бақо ва рушди кӯдакони хурдсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳиссаи амалии кишвари мо барои коҳиши маргумири атфол дар Тоҷикистон хоҳад буд. Маргумири атфол вақтҳои охир дар Тоҷикистон ба як хатари нигаронкунанда табдил шудааст. 

Дар доираи ин барнома иқтидори муассисаҳои тиббии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, бемористонҳои 12 ноҳияи кишвар дар хизматрасонӣ ба атфол ва модарони онҳо бо техникаҳои зарурӣ ва пешрафта, дорувору таъмин карда мешаванд, ҳамчунин системаи фарсудаи таъминот бо об дар ин навоҳӣ дубора барқарор карда хоҳанд шуд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?