Роҳи оҳани Эрон-Қазоқистон боз мешавад

3-юми декабр, Хати роҳи оҳани Эрон-Туркманистон-Қазоқистон бо ҳузури президентҳои ин се кишвар расман ба истифода дода мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории “Форс”, маросими ифтитоҳи расмии ин хати роҳи оҳан, ки ба номи “Раҳгузари Шимол ба Ҷануб” низ ёд мешавад, дар минтақаи байни сарҳадии Эрону Туркманистон бо номи Оқоёялӣ баргузор мегардад.

Тӯли Хати роҳи оҳани Эрон-Туркманистон-Қазоқистон ҳудуди 920 км-ро дар бар гирифта, пас аз баҳрабардории он беш 600 км роҳи ҳамлу нақли байналмилалии кишварҳои муштаракулманофеъ то Халиҷи Форс ва Аврупо кам мешавад.

Гуфта мешавад, ин хати роҳи оҳан аввалин роҳи пайвандгари Халиҷи Форс бо Осиёи Марказӣ буда, 140 км роҳи он дар Қазоқистон, 700 км дар Туркманистон ва 85 км боқимонда аз Эрон убур мекунад.

Замони ҳамлу нақли молу коло тавассути ин роҳ ҳамагӣ 2 шабонарӯзро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ солона 10 то 12 млн тонна молу коло интиқол дода мешавад.

Copyright © 2014 TojNews

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?