Роҳи оҳан бо Афғонистон омили рушди ҳамкориҳо мешавад

Тоҷикистону Туркманистон ҳавасмандиашонро барои татбиқи амалии лоиҳаи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон иброз дошта, онро омили рушди ҳамкориҳо медонанд.

Дар ин бора Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Туркманистон гуфтугӯ кардаанд.

Сарвазири Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ишқобод қарор дорад, дирӯз бо президенти ин кишвар мулоқот кардааст.

Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки бовар дорад мулоқот бо сарвари давлати Туркманистон ба рушди ҳамкориҳо мусоидат мекунад ва ғояҳои нав дар густариши иртиботот миёни ду кишвар мусоидат менамояд.

Расулзода ва Бердимуҳаммадов дар ин мулоқот якчанд масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.

Қоҳир Расулзода иброз доштааст, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳамкориҳо дар самти нақлиёт миёни ду кишвар аст ва татбиқи амалии лоиҳаи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба рушди ин ҳамкориҳо ангезаи қавӣ хоҳад дод.

Ба гуфтаи Сарвазир, ин лоиҳа дар сурати амалӣ гаштанаш муҷиби он мегардад, ки се кишвари ҳамсоя иртиботи худро беш аз ҳар вақти дигар рушд диҳанд.

Ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои энержӣ, саноат ва тиҷорат низ таъкид карданд.

Бердимуҳаммадов хостори тасеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, кӯмакҳои башариву иҷтимоӣ ва табодули таҷоруби эҷодӣ миёни ду кишвар шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?