Роҳандозии семинарҳои омӯзишӣ барои имомони масоҷид дар Қирғизистон

Соли 2015 704 имоми масоҷид дар Қирғизистон барои баланд бардоштани сатҳи маълумоташон дар семинари омӯзишӣ гузаштаанд.

Дастгоҳи Президенти ин кишвар хабар додааст, ки семинари дуҳафтаина аз ҷониби бунёди рушди фарҳанги маънавӣ “Имон” баргузор шудааст.

Дар ин кишвар 838 имом барои баланд бардоштани сатҳи омӯзишиашон идрорпулӣ мегиранд. Ин имомҳо баъди гузаштан аз аттестатсияи комиссияи назди раёсати мусалмонони Қирғизистон интихоб шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин сол барои дониҷшӯёну омӯзгорон китоби дарсӣ ва дустури “Омӯзиш барои сулҳ” таҳия ва ба барномаи таълими 40 мадраса ворид кардаанд. Дар ин сол 362 нафар аз пешвоёни динӣ ва маҳаллӣ аз давраҳои омӯзишӣ барои ташвиқи сулҳ ва пешгирӣ аз низоъ гузаштаанд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?