Роҳандозии масҷиди ғайриоддии сайёр барои мусалмонони Маскав

Гурӯҳи аз фаъолони Маскав бо роҳандозии як иқдоми ҷадид масҷидҳои сайёреро барои намозгузории мусалмонони ин шаҳр ба роҳ мондаанд.

Ин иқдом дар доираи як лоиҳаи хайрхоҳонаи марди тотор Айрат Қосимов роҳандозӣ шудааст. Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд намози ҷамоат бихонанд, дар маконҳое, ки масҷид надорад бо телефон ва ё ба воситаи интернет масҷиди сайёрро дархост кунанд, он ҳозир мешавад.

Масҷидҳои сайёр аз чанд автобуси хурд иборат буда, дар дохили онҳо барои намозгузории 6-7 нафар толорҳои хурде омода шуда, ҳар куҷое дар дохили шаҳри Маскав даъват шаванд, рафта ройгон хидматрасонӣ мекунанд. 

Дастандаркорони ин лоиҳа мегӯянд, ки барои намозгузории наздик ба ду миллион мусалмон дар пойтахти Русия 4 масҷиди бузурги расмӣ басанда нест, ба ҳамин хотир роҳандозии ин лоиҳаро саривақтӣ арзёбӣ мекунанд. Ин лоиҳа аз охири ҳафтаи оянда оғоз мешавад.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Худованд Шуморо ҷазои хайр диҳад. Дар кишваре, ки дини расмияш насронӣ ҳаст ҳеҷ кас ба мусулмон, намоз, риш, ҳиҷоб ва ғайраҳо кор надорад. Аммо мутаасифона дар кишвари мо, ки зиёда аз 90% мусулмонанд баръакс.
мошоаллоҳ беҳтарин дар кишвари ғайри исломи ин аммо дар кишваре,ки зиёда аз 90% мусалмон протифи ин
Беҳтарин иқдом барои мусалмонон .....

Шояд шумо суол ё назаре доред?