Роберт Дауни ва Ҷеки Чан аз сердаромадтарин ҳунармандони ҷаҳон

Маҷаллаи амрикоии “Forbes” Роберт Дауни-хурдиро сердаромадтарин ҳунарманди ҷаҳон  эълон кардааст.

Ин ҳунраманд тайи се соли ахир дар сархати сердаромадтарин ҳунармандони Ҳолливуд қарор дорад. Даромади ӯ аз моҳи июни соли 2014 то июни соли 2015 ҳудуди 80 миллион доллари ИМА ҳисоб шудааст.

Ҷеки Чан, ҳунарманди чинӣ миёни ҳунармандони сердаромади Ҳолливуд дар мақоми дуюм қарор дорад. Ӯ дар ин муддат ҳудуди 50 миллион доллари ИМА даромад доштааст. Ҷои сеюмро дар байни сердаромадтаринҳо ҳунарманди Вин Дизел бо касби 47 миллион доллар аз худ кардааст.

Дар миёни ҳунармандони Болливуд Амитабх Баччан ва Салмон Хон бо 33,5 миллионӣ (мақоми ҳаштум) ва Акшай Кумар 32,5 миллион доллар (мақоми нуҳум) вориди феҳрести ин маҷалла шудаанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?