Раъйдиҳӣ барои ширкати бонуи тоҷик дар Евровидение (Видео)

Райъдиҳӣ ба ҷонибдории Зарина Тоҷибоева, зодаи Тоҷикистон, ки қарор аст дар озмуни  Евровидение - 2015 ширкат намояд, оғоз гардид.

Зарина Тоҷибоева дар ин озмун Швейсарияро намояндагӣ мекунад ва маъракаи овоздиҳӣ дар сомонаи http://esc.srf.ch/en-ch/zarina шурӯъ гардидааст.

Зарина қасд дорад бо таронаи марғуби “We fly” ширкат варзад ва райъдиҳӣ аз 3-ум то 17-уми ноябр идома хоҳад кард.

Ҳакамони коршинос, ки аз мутахассисони гуногунсоҳаи мустақил интихоб шудаанд, назари бинандагон ва коршиносон 50 дар 50 ба назар гирифта хоҳад шуд. 

Зарина Тоҷибоева зодаи Тоҷикистон буда, мактаби ҳунари театриии шаҳри Сюрихро соли 2012 хатм кардааст. Маҳорати сарояндагии худро солҳои донишҷӯӣ такмил додааст ва баъди хатми он низ дар консерваторияи Сюрих ба ин идома медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аризаи ширкат дар озмуни Евровидениеро, ки қарор аст соли оянда дар Австрия баргузор шавад, бо хоҳиши бастакораш Рена Гели пешниҳод кардааст ва баъди дарёфти ризояти Зарина барояш тарона навиштааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?