Расонаҳо дар бораи хӯроки шоми ҳангомабарангези Назарбоев дар Ню-Йорк

Дар матбуоти Ғарб хабари ҳангомабарангезе дар мавриди таоми шоми президенти Қазоқистон Нурсуртон Назарбоев дар як тарабхонаи обрӯманди Ню-Йорк дар гардиш аст.

Гуфта мешавад, ки таоми пешниҳодшуда аввал аз санҷиш мегузашт, ҳамзамон ба сарвари Қазоқистон пешхизматҳои шахсии ӯ хизмат мерасониданд. 

Нашрияи маъруфи New York Post навиштааст, ки Нурсултон Назарбоев аввали моҳи апрел, дар ҷараёни сафараш ба Ню-Йорк вориди ин тарабхона шудааст.

Журналистони нашрия дар навиштани ин гузориш ба образи журналисти қазоқ Борат Сагдиев  як персонажи сохта дар иҷрои ҳунарманди британиёӣ Саша Барон Коэн муроҷиат кардаанд, ки замоне мавриди хашму эътирози ҳукуматдорони қазоқ шуда буд.

Ҳатто Борат ҳам ба ин тадбирҳои амниятии президенти Қазоқистон дар вақти тановули таоми шом дар Манхэттен ришханд мезад. Нурсултон Назарбоев дар тарабхонаи машҳури Сохо талаб кард, ки барояш пешхизматҳои шахсии ӯ хизмат расонанд ва пеш аз таом аввал ҳамаи зарфҳоро бо арақ бишӯянд ва духтурон ҳатман ҳар пора аз ғизоро  аз нигоҳи беҳдоштӣ ва амният бисанҷанд,- гуфтааст як манбаъ ба New York Post.

 Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар тановули ғизои шоми президенти Қазоқистон ҳашт тан аз кормандони хадамоти махсуси амрикоӣ ва 15-20 нафар посбонони шахсии ӯ ҳузур доштанд. 

 Сомонаи Fox News истинодан ба New York Post навиштааст, ки ин рафтори сарвари Қазоқистон хеле тааҷуббарангез аст ва ҷолиб он аст, ки консулгарии Қазоқистон ба дархости нашрияҳо, ки мехостанд шарҳи ин иқдомро донанд, посух надод.  

Нашрияи британиёии  Daily Mail дар шарҳи ин рӯйдод аз филм дар бораи Борат ёд кардааст ва навиштааст, ки ин бор ин кадом бофтаи тахайюли касе набуд, балки воқеъият дошт, дар амал рух дод.  

Билохира маълум нашуд, ки чаро сарвари давлати Қазоқистон, ки бе ягон нерӯи мухолиф кишварашро аз соли 1991 ба  инҷониб идора мекунад, ба ин ҳад аз амнияти худ нигарон буд,- менависад Daily Mail.

Гуфтанист, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз 31-уми мрат то 1-уми апрели соли равон ҷиҳати ширкат дар ҳамоиши амнияти атомӣ ба Ню-Йорк рафта буд.  

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?