Рашт: Қоҳир Расулзода ба осебдидагони сел калиди хонаҳои навро супурд

Сарвазири Қоҳир Расулзода ба 44 оилаи зарардида аз офати табиӣ дар Рашт калиди хонаҳои навро тақдим кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми сентябр Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайат бо шумули вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода ба ноҳияи Рашт сафар кардааст. Ин ҳайат ба маҳаллаи навбунёд барои  зарардидагони офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Навдии ноҳия рафтаанд, ки 44 манзили нави истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

20-юми июл дар натиҷаи бориши борони шадид ва фуромадани сел дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи Рашт зиёда аз 50 оила зарар диданд. Аз ҷумла, 35 оила аз хонаҳои истиқоматӣ пурра маҳрум гардида, хонаҳои 8 оилаи дигар  қисман зарар дида, истиқомат намудан дар онҳо ғайриимкон гардид.

Ба ҳисоби ниҳодҳои дахлдор, офати табиӣ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияи Рашт 3 миллиону 714 ҳазору 198 сомонӣ хисорот оварда буд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?