6-уми июл рӯзи иди Фитр эълон шуд

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 6-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон 29-уми июн муқаррар кард, ки пас аз 30 рӯзи моҳи шарифи Рамазон 6-уми июл дар кишваи иди саиди Фитр таҷлил карда шавад.
 
Тибқи дастури Шӯрои уламо намози фитр соат 6:0 дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар хонда мешааад.
 
Соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистор 6-уми июн оғоз шуда буд.

Шӯрои уламо ҳамчунин нисоби закотро 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда будқАз ин миқдор 435 сомонӣ бояд закот дода шавад. Шӯрои уламо ҳамчунин садақаи фитрро ҳам муайян кардааст. Мувофиқи меъёри шаръӣ садақаи фитр 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Шӯрои уламо ҳамчунин қарор карда буд, ки хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

Тақвими тартибдодаи Маркази исломӣ тасдиқ карда шуда, барои рафъи нофаҳмиҳо нусхаи он ба тамоми масоҷиди кишвар, сомонаҳои расмии интернетӣ ва ширкатҳои мобилии ватанӣ ирсол дошта шуда буд.

Назарҳо

Иди саиди Рамазон рӯзи 6-уми июли соли 2016 муайян карда шавад. Вақти баргузоршавии намози иди Рамазон дар қаламрави кишвар соати 6.30 муайян карда шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?