Рамазон Раҳимзода: Аз 600 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурия 50 нафарашон ихтиёран баргаштаанд

Зиёда аз 600 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд, ки 50 нафарашон бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштаанд.

Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҷавонон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа иброз доштааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, 14-уми декабр Рамазон Раҳимзода дар сафараш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинони минтақа мулоқот кардааст. Вазир аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо нигаронӣ сухан карда, гуфтааст: “мо кӯшиш карда истодаем, ки ин ҷавонони гумроҳро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонем”.

Қаблан, мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, нафароне, ки бо хоҳиши худашон аз ин ҷангҳо ба кишвар бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.

Рамазон Раҳимзода дар бораи ҳодисаҳои моҳи сентябр сухан карда, аз ҳамкории сокинон бо мақомот ситоиш кард. Аз ҷумла ӯ гуфтааст, ки “маблағгузори асосии ин ҳодисаҳо ҲНИТ буд ва мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонида шуданд”.

Вазири корҳои дохилӣ дар ҳоле аз иштироки зиёда аз 600 нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар медиҳад, ки қаблан дар моҳи майи соли равон ӯ гуфта буд, дар ин ҷангҳо 384 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?