“QuakeShare” заминларзаро пешгӯӣ ва одамонро наҷот медиҳад

Барномае барои телефонҳои ҳушманд роҳандозӣ шудааст, ки қабл аз вуқуъи заминларза ҳушдор медиҳад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Евронюс, заминларзаи Непал, ки муҷиби ҳалокати беш аз 8 ҳазор сокин ва даҳҳо ҳазор захмӣ шуд, ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар такон дод. Ҳанӯз ҳам инсоният қодир ба пешгирӣ аз чунин фоҷеаҳои даҳшатовар нест, ҳанӯз ҳам даҳҳо ҳазор нафар бар асари обхезиву заминларзаҳои ногаҳонӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. 

Пер-Мари Саран дастгоҳеро барои таҷҳизоти мобилӣ пешниҳод кард, ки бо истифода аз он корбарони алоқаҳои мобилӣ метавонанд дар бораи ҷунбиши замин дар минтақае, ки эҳтимоли заминларза вуҷуд дорад, бо ҳам табодули маълумот кунанд. Ин таҷҳизот “QuakeShare” номида шудааст. 

Пер-Мари Саран гуфтааст, ки “Смартфон – як таҷҳизоти басо ҳассос аст, ки метавонад ҷунбиши қаъри заминро ба қайд гирад, ахбори зарурӣ дар сервер ҷамъ мешавад ва дар натиҷа мо ларзиши заминро пешбинӣ кунем”.

Агар барои қабул ва ирсоли сигнал дар телефонҳои мобилӣ мавҷгир насб шуда бошад, ин дастгоҳ ба таври автоматӣ фаъол мешавад ва маълумоти заруриро ба зудӣ ирсол мекунад. Агар маълумот дар бораи заминларза тасдиқ шавад, пас ба смартфонҳо сигнали умуми хатар равона карда мешавад. 

Ба гуфтаи Саран “аз тасдиқи ҳодисаи заминларза  ҳамагӣ фосилаи 2 сония вақт мегузарад, одамон дар ин фосила ҳам метавонанд тадбири бехатарӣ андешанд, на ки ба воҳима дода шаванд. Қисмати муҳими он навовариест, ки дар айни замон маҳз дар кадом нуқта ҳузур доштани истифодабарандаро нишон медиҳад”.

Дар идомаи ин хабар гуфта мешавад, ки ҳатто ҳамин ирсоли маълумот ва хабардор кардани одамон имкон медиҳад, ки хадамоти марбута зудтар ба маҳал расанд ва ба корҳои наҷот ва кумак шуруъ намоянд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Аз кадом сомона метавонем ин барномаро дастрас намоем

Шояд шумо суол ё назаре доред?