Прокуратураи генералӣ парвандаи Араловаҳои гумшударо аз сар гирифтааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи Араловаҳо - ду духтарчаи 5-солае, ки се сол қабл дар Душанбе, аз наздики манзили зисташон ғайб зада буданд, аз сар гирифтааст. 

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба тифлрабоӣ машғул буданд, дахли ин гуруҳро ба қазияи се сол пеш рад кард. 

ВКД ду ҳафта қабл хабар дода буд, як гуруҳро боздошт карда, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи Сабина ва Малика Араловаҳо ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.

Аммо баъдтар ин фарзияи мақомот расман рад карда шуд. 

Иттилоъ дар бораи боздошти гумонбарон, ки гӯё аз манзили зисташон, ҳамчунон олоти ҷарроҳӣ ёфт шудааст, наздики маркази савдои "Садбарг", ҳамон ҷое, ки Малика ва Сабина аз он ҷо рабуда шуда буданд, воқеъ будааст.

Аммо бо рад шудани фарзияи дахл доштани ин гуруҳ ба қазияи Малика ва Сабина, нашри ин иттилоъ танҳо бо рӯзномаи “Имрӯз News” ин хабарро ботил кард. 

Ба ин нигоҳ накада, Прокурори генералии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотияш, субҳи имрӯз 4-уми август гуфт, парвандаи Малика ва Сабинаро аз сар гирифтааст. 

Дар қазияи ахири боздошти тифлрабоён дар Душане гуфта мешуд, ки Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кормандони Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД Тоҷикистон кӯдаки дуздидашударо баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда, ба модараш баргардонидаанд. Ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони ш. Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст,-навиштааст рӯзнома.

ВКД то ҳол дар ин бора расман иттилое пахш накардааст.  Бо дастрас  шудани иттилои расмӣ он ҳатман инҷо нашр хоҳад шуд.

Малика ва Сабина Араловаҳо 25-уми марти соли 2013  аз назди манзили зисти худ, дар наздикиҳои маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ғайб зада буданд. То ҳол мақомот натавонистанд зинда ва ҷасади онҳоро пайдо кунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?