Президент Эмомалӣ Раҳмон расман асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон шуд

Порлумон Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон кард

Тибқи тарҳи нави Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон гардид.

Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, бар асоси ин тағйирот, Пешвои миллат аз имтиёзҳои дигар ҳам бархӯрдор гардид.

Ба гуфтаи Насриддинзода, тарҳи нав 7-8 моддаи имтиёзҳо барои Пешвои миллатро дар назар дорад, ки бар асоси он "ба раиси ҷумҳур ҷои махсус ва таҷҳизоти махсус ҷудо карда шуда, ордену Фонди Пешвои миллат таъсис дода хоҳад шуд." Қонуни нав "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" аз 19 модда ва сарсухан иборат аст.

Нахустин тарҳи Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.  25-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд қонун зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” низ имзо гузошта буд.

Дафтари матбуоти Президент навишта буд, ки “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст”.

 

Назарҳо

Мо бо шумоев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил

Шояд шумо суол ё назаре доред?