Пояҳои барқи содиротии Тоҷикистон дар Афғонистонро тарконданд

Ду пояи барқи воридотии Тоҷикистон дар вилоятҳои Қундуз ва Бағлони Афғонистон тахриб шудаанд.

Дар як тамоси катбӣ Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати “Брешно”, ягона ширкати истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқи Афғонистон, ба TojNews гуфт, ду пояи барқ, яке, дар минтақаи Бобо Назари шаҳри Пулихумрӣ, маркази вилояти Бағлон ва дигаре, дар як минтақаи куҳистонии вилояти Қундуз аз сӯи афроди номаълум инфиҷор дода шудаанд. Вай афзуд, дар натиҷаи инфиҷор аз чор ду сутуни пояҳо қатъ шудаанд.

Дар ҳоле, ки бархе расонаҳои Афғонистон ин инфиҷорҳоро кори дасти ҳаракати Толибон медонанд, сухангӯи ширкати “Брешно” мегӯяд, пояҳои барқ дар Бағлону Қундузро на Толибон, балки гуруҳҳои марбут ба фармондеҳони маҳаллӣ инфиҷор додаанд.

Ин фармондеҳон, ба қавли коршиносон, шарики ҳукумати Афғонистон маҳсуб мешаванд ва бо гирифтани пули саҳл супоришҳои мафияҳои тиҷоратӣ дар он кишварро иҷро мекунанд.

Инфиҷори пояҳои хатте, ки барқи Тоҷикистонро ба Кобул интиқол медиҳад, шаби чоршанбе ба панҷшанбе, 11 феврал рух додааст.

2 феврал хатти барқи Ӯзбакистон ба пойтахти Афғонистон низ дар минтақаи Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон тахриб шуда буд. Як пояи хати барқ дар ин минтақа низ аз тарафи афроди ношинос инфиҷор дода шуд ва то ба ҳол таъмир нашудааст, зеро дар ин минтақа амалиёти неруҳои ҳукуматӣ алайҳи Толибон ва шарикони хориҷии онҳо идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Толибон ҳеҷ як аз ин инфиҷорҳоро ба зимма нагирифтаанд. Ҳамсуҳбатони TojNews мегӯянд, ки тайи 15 соли ахир Толибон ҳеҷ гоҳ даст ба тахриби хатҳои барқи Афғонистон назадаанд. Ба қавли онҳо, ин супориши мафияи бензину генератор ё барқзоҳо аст, ки ба далели барқи хаттӣ бозори касод доранд.

Ӯзбакистон 70 ва Тоҷикистон 30 дарсади барқи пойтахти Афғонистонро таъмин мекунанд. Бино ба иттилои ширкати Брешно, танҳо Кобул моҳона ба 500 мегаватт барқ ниёз дорад.

Инфиҷори се пояи интиқоли барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки моҳи майи соли равон сохтмони CASA – 1000, хати баландшиддати барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ бояд шуруъ шавад.

Тоҷикистон дар фасли гармо имкони содироти 5 миллиард ба хориҷи кишварро дорад. Дар ҳоли рух додани чунин ҳаводис Тоҷикистон низ зиёни молӣ хоҳад дид.

Тафсилоти бештари ин мавзуъро дар матлаби ҳафтаномаи “Нигоҳ” дунбол кунед.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

бисйортар тарконанд дигар фурухта натавониста ба халки худамон метиян шам намесузем
бисйортар тарконанд дигар фурухта натавониста ба халки худамон метиян шам намесузем

Шояд шумо суол ё назаре доред?