Писари Давлаталӣ Саид аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум шудааст

Фаромуз Саидов, писари 23-солаи Давлаталӣ Саид, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ки пас аз як садамаи маргбор дар бемористон бистарӣ аст, аз ҳаққи хориҷ шудан аз кишвар маҳрум шудааст.

Дар ин бора Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз 4-уми октябр итилоъ дод.

Бино ба иттилои расмӣ, Фаромуз, гумонбари нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ мебошад, ки муҷиби садамаи нақлиётӣ шудааст ва то ҳол дар бемористони Қаряи болои Душанбе қарор дорад.

Сухангӯи ВКД мегӯяд, тафтишоти садамаи нақлиётӣ бо иштироки Фаромуз Саидов, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт шаби 10-уми сентябр рух дода, боиси ҳалокати ду нафар гардид, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва зери назорати Додситонии кулл идома доштаааст. 

-То ҳол ташхиси тиббӣ анҷом шуда ва ташхиси техникиро мутахассисони Вазорати адлия идома медиҳанд. Яъне, мутахассисон ҳолати техникии автомошинаи Фаромузро ба ҳангоми садама муайян хоҳанд кард, - гуфт Умарҷони Эмомалӣ. 

Назарҳо

Писари Давлаталӣ Саид аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум шудааст,vale dar dohil ijozati ba "faoliyatash" davom dodanro dorad.

Шояд шумо суол ё назаре доред?