Писарбачаи 16-сола ба дуздии мошин муттаҳам мешавад

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як писарбачаи 16-сола мошини тамғаи “Деу-Сиелло”, ки мутааллиқ ба як сокини 28-солаи шаҳри Душанбе буд, рабудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 12-уми май рух додааст ва шоҳидон мегӯянд рабуда шудани мошинро бо чашмони худ дидаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳандозии чораҳои фаврӣ ҳуввияти мошинраборо муайян кардаанд. Мегӯянд вай писари 16-сола, сокини пойтахт аст. Дар бораи боздошт шудан ё нашудани мошиндузд иттилоъ пахш нашудааст, аммо мақомот мегӯянд аз рӯйи ин ҳоисад парванда боз кардаанд. Ноболиғ автомашинаро то хонаи истиқоматиаш ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки автомашинаи мазкурро писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе рабудааст. Нисбати далели мазкур тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?