Пирӯзии тими наврасдухтарони тоҷик ба тими Непал ба ҳисоби 4:1

Тими бонувони навраси Тоҷикистон оид ба футбол дуввумин бозии худро дар чемпионати Осиё-2016 миёни духтарони синни то 14-сола ба пирӯзӣ анҷом дод.

Тими наврасдухтарони тоҷик тими Бутанро ба ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Бозии капитани тим Нилуфар Абдулҳаева қобили таҳсин буд.

Вай ду тӯпро ба дарвозаи ҳариф ба самар расонд ва ду тӯпи дигарро Гулшан Сафарова ва Матлубаи Даминзода заданд. Тими наврасдухтарони Эрон дуввумин бозии худро низ ба пирӯзӣ ба поён бурд.

Ду тӯпи беҷавобро ба дарвозаи бонувони навраси Қирғизистон ҳуҷумкунандаи тими Эрон Роҷия Ҷалолнасаб ба самар расонд ва бо ин васила пешсафии тими Эрон дар гуруи “А” таъмин гардид.

Футболбозондухтарони навраси Ҳинд бошанд бар бонувони Непал ба ҳисоби 9:0 пирӯз шуданд.

Қарор аст имрӯз, 28-уми апрел соати 16:00 дар варзишгоҳи Академияи “Истиқлол” дар Алмосӣ тими бонувони навраси Тоҷикистон бо тими Қирғизистон сабқат кунад.

Соати 13:00 тимҳои Бангладеш ва Непал дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе ва соати 16:00 тимҳои Эрон ва Бутан дар ҳамин варзишгоҳ бо ҳам қувва хоҳанд озмуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?