Пешсафии шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ

Фаррух Амонатов, устоди байналмилалӣ ва ягона шоҳмотбози тоҷик, ки унвони гроссмейстер дорад, пешсафи мусобиқоти Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ пебошад.

Мусобиқот барои Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон идома дорад. Шоҳмотбозӣ тоҷик дар 5 бозӣ бо гирифтани 5 хол дар мақоми аввал қарор дорад. Қарор аст, ки дар даври шашуми мусобиқот бо шоҳмотбози ӯзбак Антон Филиппов вориди рақобат шавад.

Дар даври панҷум вай дар бозӣ бо Марат Ҷумъаев аз Узбакистон ғолиб омад.

Вай дар ин давр бар Гулисхон Нахбоева (Қазоқистон) пирӯз шуд ва қарор аст дар даври шашум бо муҳраҳои сиёҳ вориди бозӣ шавад. Ҳамчунин дар даври шашум барои ҷойҳои сеюум ва чорум Марат Ҷумъаев ва Ҷаҳонгир Воҳидом сабқат мекунанд.

Фаррух Аломатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик 37 сол дошта, дар айни замон мураббии тими бачагонаи шоҳмот дар Русия мебошад.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?