Пешниҳоди арзи фаромиллӣ дар кишварҳои ИДМ

Владимир Путин-президенти Русия даъват намуд, ки барои мусоҳибот миёни кишварҳои муштаракулманофеъ аз арзӣ фавқулмиллӣ истифода бикунанд. Вай гуфт: “Моро зарур аст,ки барои муҳосибот ҳарчӣ зудтар ба арзҳои фавқулмилӣ бигзарем”.

Сарвари давлати Русия, ки рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишвраҳои узви ИДМ дар тафреҳгоҳи Бурабойи Қазоқистон суханронӣ мекард, ёдовар шуд, ки сарони кишварҳои узви ИДМ соли 2011 муоҳадаи минтақаи тиҷорати озодро имзо карда буданд ва гуфт “ҳоло вақти он расидааст, ки он пурра амалан татбиқ шавад ва аз сӯйи дигар ба ҳадди ниҳоӣ шарту шароитро барои ҳаракати молҳо ва сармоягузориҳо дар ин замина сода бояд кард”.

Путин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки гардиши мол миёни кишварҳои ИДМ дар соли 2015 коҳиш ёфтааст. “Дар ин ҳолат бояд маҷмуъи чораҳоеро бояд андешид, ки вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз бозорҳои беруна коҳиш ёбад”,- гуфт Путин.

 Маврид ба ёдоварист, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 16-уми октябр дар истироҳатгоҳи Бурабойи вилояти Акмолаи Қазоқистон баргузор шуд. Ҳарчанд 250 хабарнигор барои пушиши хабарии ин ҷаласа омада буданд, вале он паси дарҳои баста баргузор шудааст.

Дар кори ин ҷаласа сарварони Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва муовинони нахуствазирони Туркманистону Молдова ва сафири Украина дар Қазоқистон иштирок кардаанд.

Copyright @2015 TojNews    

Шояд шумо суол ё назаре доред?