Пажуҳиш: вобастагии компутерӣ мағзи сари кӯдаконро тағйир медиҳад

Олимони Корея ба ин натиҷа расидаанд, ки вобастагии компутарӣ то ҳадде мағзи атфол ва наврасонро тағйир медиҳад.

Мутахассисон мағзи сари наврасони аз 10 то 19-соларо, ки вақте бештари худро сари компутер мегузаронанд, аксбардорӣ кардаанд ва баъди ташхис ба хулоса расидаанд, ки он аз мағзи сари ҳамсолонашон, ки ба бозиҳои компутерӣ хуш надоранд, фарқ мекунад.

Ташхис нишон додааст, ки бачаҳое, ки ҳамарӯза 3-4 соат вақти худро сарфи бозиҳои компутерӣ мекунанад, мағзи сари инкишофёфта ва посухгӯ ба таваҷҷуҳоти берунаанд. Аз сӯйе ин сифати мусбат аст ва боке нест агар он дар кӯдакон рушд кунад.

Вале мутахассисон мегӯянд ин гуна тағйирот дар мағзи сарро метавон паталогия номид, чун вокунишу эътино ҳангоми бозиҳои компутерӣ ба вуҷуд меояд. Вале ин ҳам хулосаи ниҳоӣ нест.

Ҳоло мутахассисон дар посух ба ин савол мушкилӣ мекашанд, ки ё ин танҳо хоси он аст, ки бачаҳо майл ба вобастагии компутерӣ доранд ва ё дар ҳақиқат бозиҳои компутерӣ ин гуна таъсире ба мағзи сари кӯдакон доранд.

Copyright @2016 TojNews 

Шояд шумо суол ё назаре доред?