Пажуҳиш: Об дар шиҳоб Чурюмова-Герасименко аз оби Замин фарқ мекунад

Об дар шиҳоб ё “ситораи думдор”-и Чурюмова-Герасименко аз таркиби обе, ки дар Замин мавриди истеъмол аст, фарқ мекунад.

Агар чунин аст, пас назария пайдоиши об дар Замин бар асари афтиши ситораҳо тасдиқ намешавад. Чунин аст хулосаи аввалине, ки сомонаи Ожонсии аврупоии кайҳонӣ (ЕКА) расонаӣ кард.

Олимон мегӯянд ҳиссаи гедрогени вазнин  ва ё дейтерия дар ин “ситораи думдор” назар ба ҳиссаи он дар оби замин бештар аст.

“Ин эҳтимолан он назарияро такзиб хоҳад кард, ки об дар курраи Замин бар асари афтиши ситораҳо пайдо шудааст”,- иқтибос овардааст The New York Times аз суханони корманди Донишгоҳи Берни Швейсария Кэтрин Алтвегг.

Бино ба гуфтаи Алтвегг, эҳтимол меравад обро ба замин шаҳобҳои осмонӣ овардаанд, на “ситораҳои думдор”. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло ягон фарзия таҳлили илмӣ нашудаву илман асоснок нагардидааст. Ба дигар маънӣ, пайдоиши об дар Замин ҳамоно як муаммои нокушода боқӣ мондааст. 

Маълумоти таҳлилшударо олимон аз таҷҳизоти  ROSINA, ки дар ковишгари Rosetta насб шудааст, гирифтаанд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки олимон саргарми омӯзиши молекулаҳои органикии “ситораи думдор”-и Чурюмова-Герасименко мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки 12-уми ноябри соли 2014  ковишгари Rosetta бори аввал дар таърихи кашфи “ситораи думдор”-и  Чурюмова-Герасименко ба саҳни он нишаст ва ба таҳқиқи таркиби кимиёвии комета шуруъ намуд.

Светлана Герасименко корманди илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, бо ҳамкораш Клим Чурюмов 23-уми октябри соли 1969 ин “ситораи думдор”-ро кашф кардааст. 

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?