Пайдо шудани лавозимоти ҷангӣ дар маҳаллаи Гулбутта

Аз як обанбор дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 гранатамёт ва якчанд лавозимоти ҷангӣ пайдо шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ ва Амиршоҳ Нодиров 6-уми март дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ махфигоҳ бо 3-адад гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ пайдо кардаанд.

Гурӯҳи оперативии ВКД баъди хабар гирифтан, ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, аз онҷо инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт кардааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба 2 ноболиғе, ки дар бораи пайдо шудани яроқҳо ба ВКД хабар доданд, “Ноутбук” ва ба волидайни онҳо маблағи пулӣ додааст.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?