“Парвози парлумони нав “бо як қанот”... (Шарҳи матбуот)

Интизориҳо аз мулоқоти Президент бо зиёиён, оғози кор парламони нав ва хабарҳову гузоришоти наврӯзӣ аз матлабҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе буданд.

Дар пурсиши аксари нашрияҳо оид ба даъвати афрод ба мулоқоти зиёиён бо Сардори давлат посухҳои танзомез бештар садо додаанд. Ва аксари онҳое, ки дар ин пурсишҳои ширкат доштаанд, сабаби даъват нашуданашонро дар он дидаанд, ки онҳо ҳоло зиёӣ нашудаанд. Чунончӣ, Ҷовид Муқим, профессори Донишгоҳи миллӣ дар “Озодагон” гуфтааст, ки аз рӯи критерияи даъват яқинан ӯро даъват намекунанд. “Аз нигоҳи онҳо ман зиёӣ нестам. Дар ин вохӯрӣ он мансабдороне, ки дар хонаву кӯчаву кору ҳама ҷо галстукро таранг карда мегарданд, зиёӣ шумурда мешаванд”.

Шоир Иззатбек Идизода дар “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар ин мулоқот “бештар нафароне, ки ба лаб муҳри хамӯшӣ зада менишинанд, менигаранду мераванд. Онҳо чун баъзе аз соҳибмақомон  ба андешаи фарҳанги миллату давлат нестанд. Мутаассифона шахсоне, ки дар шакл гирифтани фарҳанг, тафаккури миллӣ нақш доранд, даъват намешаванд”. Ҷӯрабек Назрӣ, чеҳраи маъруфи ҳунарии кишвар низ бар ин назар аст, ки ҳоло ӯ ба мақоми зиёӣ нарасидааст. “Зиёӣ бояд хирадманду оқилу доно бошад, ба ин талабот шояд ҷавобгӯ набошам”,-гуфтааст ӯ.

Ба назар мерасад натиҷаи интихоботи гузашта кишвар севвумин ҳафтаи анҷоми он низ аз мавзуъи рӯз дар матбуот будааст. Ба вижа он ки парламони нав ба кор шуруъ кард ва тавре интизор мерафт, боз ҳам Шукурҷон Зуҳуров чун намояндаи клани Қаротегин дар курсии раисии он боқӣ монд. “Миллат” (№11 (497), аз 18-марти соли 2015) гузориши парламонии худро “Парвози парлумони нав “бо як қанот” шуруъ шуд” номидааст ва навиштааст, ки аҳзобу  гуруҳҳои мухолиф комилан ба ҳошия ронда шудаанд ва давлат бо  аксарияти кулли аъзои ҳизбаш дар парлумон масъулияти комили сарнавишти кишварро ба дасти худ гирифта, ба чолишҳои ҷиддии амниятиву  сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯст”.

Дар идомаи баҳси дурнамои ҲНИТ баъди рафтанаш аз парламон ва шикасташ дар интихобот “Озодагон” (№11 (367), аз 18-марти соли 2015) аз қавли Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгар ва сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” навиштааст, ки “демократияи Тоҷикистон дар ҷаҳон назир надорад ва будану набудани демократияро набояд бо ҳузури наҳзат вобаста кард. Наҳзат дар парламон буд, вале демократия ҳоким набуд. Ҳоло агар наҳзат аз парламон берун монд, дар мавриди аз байн рафтани кадом демократия ҳарфе наметавон гуфт. Наҳзат ҳамчун ҳизби кисагӣ ба вуҷуд наомадааст ва дар дурнамо ҳам кисагӣ нахоҳад буд”.

 “Фараж” (№12 (433), аз 18-марти соли 2015)дар матлабе бо номи “Меҳмонхонаи “Эҳсон”: бадтар аз ҳуҷраҳои амири Бухоро” аз вазъи меҳмондориву пазироӣ ва шароити будубош дар маъруфтарин меҳмонсарои шаҳри Хуҷанд навиштааст ва муаллиф бар ин назар аст, ки ҳарчанд бисёриҳо онро таъриф мекунанд ва аз дигар меҳмонхонаҳо беҳтар медонанд, вале шояд аз бадтаринҳо бошад. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?