Парвандаи Бузургмеҳр Ёровро ба суд фиристондаанд

Парвандаи Бузургмеҳр Ёров, адвокати боздоштшудаи тоҷик ба суд ирсол шудааст.

Ба гуфтаи наздикони адвокат, тафтиши парвандаҳои Бузургмешр Ёров ба анҷом расида, парвандаи ӯро ба Суди олии Тоҷикистон фиристондаанд.

Мақомот Бузургмеҳр Ёровро дар қаллобӣ, сохтакорӣ, ифротгароӣ, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам медонанд.

Бузургмеҳр Ёров, собиқ раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” аз 28-уми сентябри соли гузашта  инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ӯро кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД барои бозпурсӣ даъват карда, ҳамон рӯз боздошт намуданд. Субҳи 29-уми сентябр ВКД аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод. Нахуст алайҳи ӯ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Баъд аз 2 моҳ мақомот хабар доданд, ки нисбати Ёров инчунин бо моддаи 307 қисмҳои 1, 2 ва моддаи 189 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам дониста мешавад.

 Ӯ замоне боздошт шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи 13 тан аз боздоштшудаҳои аъзои шӯрои сиёсии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон)-ро ба ӯҳда гирифт. Баъди чанде мақомот гуфтанд, парвандаи Ёров муҳри махфӣ гузошта шудааст. Боздошти Бузургмеҳр Ёров ба вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби коршиносон дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар оғози Наврӯзи соли равон “адвокати сол” эълон шуда буд. Ин адвокати зиндонии тоҷик 45 сол дорад

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?