Паррандагон ҳамсарони худро аз бӯйяшон интихоб мекунанд

Як пажуҳиши илмӣ исбот кардааст, ки дар олами ҳайвонот, паррандагон ва ҳатто ҳашароту феремонҳо шеваи вижаи интихоби ҳамсару ҳамболин ҳоким аст.

Бештари ҷонвароне, ки шомеаи рушдёфта доранд, аз бӯй рафиқи ҳаётии худро интихоб мекунанд. Масалан, ба ин маъно, ки оё ин шарики эҳтимолӣ омода аст насл гиранд ва саломатии вай чӣ тур аст, оё мешаванд риштаи улфатӣ пайваст? Аммо гуфта мешавад, ки на танҳо барои олами ҳайвонот, балки барои одамон низ интихоб аз бӯй нақши муҳим мебозад. 

Чанд сол пеш олимони донишгоҳҳои Томск ва Кемерево ва пажуҳишгоҳи систематика ва экологияи Новосибирск кашф карданд, ки сӯзок арақи бадани мардро барои зан хеле нохушоянд мекунад. Ҳарчанд занон наметавонанд дарк кунанд, ки чаро бӯи арақи бадани мард барояшон ба ин ҳад нохуш мерасад. 

 Аммо дар олам ҳайвоноте ҳастанд, ки бӯй барояшон чандон муҳим нест, чун узви шомеаи онҳо чандон рушдёфта нест. Аз ҷумла барои бархе аз намудҳои парандагон.

Қаблан далоили илмӣ аз он ҳикоят доштанд, ки паррандагон дорои шунавоии баланд ва дидагони дурбин ҳастанд. Вале дар ҳич замоне онҳо аз шомеаи худ ифтихороте надоштаанд.

Аммо илми ин замон баръакси инро исбот мекунад. Пажуҳишҳои ахир бар ин ишора мекунанд, ки ба ҳар ҳол паррандагон дорои ҳисси олии бӯй мебошанд. Гузашта аз ин баъзеи онҳо ҳамсарону ҳамхобаҳои худро аз бӯяшон интихоб мекунанд. Ин аст назари олимони Донишгоҳи ветеринарии Вена (Австрия) ва Маркази миллии пажуҳишҳои илмии Фаронса.

Онҳо таркиби кимиёвии ғадуди думғозаи моҳихорро бо ДНК-и он муқоиса кардаанд. Пеш аз ин маълум буд, ки ин парранда рағбат ба ҷуфти наздик надорад, ба дигар маънӣ ба наҳве эҳсос мекунад, ки кадоме ба он хешӣ дорад ва кадоме на. Аммо олимон хостанд донанд, ки чӣ гуна онҳо инро эҳсос мекунанд. 

Маълум гардидааст, ки дар моҳихорони ҷинси модина луоби ғадуди думғоза ба таркиби муаттар монанд аст. Вақте таркиби кимиёвии тарашшуҳотро бо ДНК муқоиса карданд, маълум шуд, ки бештар аз ҳар ҳолати дигар бӯйи паррандагон дар ҳоле монанд аст, ки ирсияти сироятпазириашон созгор бошад. Яъне, бӯйи худро бо бӯйи бегона қиёс намуда, вай метавонад муайян кунад, ки то кадом ҳад бо ҳамхобаи эҳтимолии худ хешӣ дорад. Олимон натиҷаи ин пажуҳиши худро дар нашрияи Scientific Reports интишор додаанд. 

Ва як пажуҳиши дигар. Чанд сол пештар олимони Маркази экологияи эволютсионии Фаронса  кашф карданд, ки мурғи тӯфони кабуд низ ҷуфти худро аз бӯяш интихоб мекунад. Дуруст аст, ки он замон олимон ба таҳқиқоташон фаротар нарафтанд ва таркиби кимиёвии бӯйи паррандагонро насанҷиданд ва онро ба ирсият вобаста надонистанд.

Олимон мегӯянд баъзе паррандагон дорои ғадуди думғоза нестанд, вале манбаъҳои дигаре доранд, ки бӯйи худро эҳсос мекунанд ва хешро аз бегона ҷудо менамоянд.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?