Парламенти Аврупо хостори таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Арабистони Саудӣ шуд

Парламенти Аврпуо тарҳи таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Арабистони Саудиро тасвиб кард ва аз кишварҳои узв хост, то мамнуияти фурӯши ислоҳ ба Риёзро риоя кунанд.

Парламенти Аврупо аз Фаронса, Британиё ва дигар давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки аз ин пас ба Арабистон силоҳ нафурӯшанд. Иттиҳодияи Аврупо Риёзро муттаҳам ба он мекунад, ки дар Яман ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додааст.

Аз моҳи марти соли гузашта неруҳои хориҷӣ бо сарварии Арабистони Саудӣ дар Яман даст ба амалиёт задаанд, Британияи Кабир дастури фурӯши силоҳ ба ин кишвар ба маблағи 3 миллиард долларро содир кардааст.

Британия ва Фаронса кишварҳое ҳастанд, ки ба Арабистон силоҳи бештар мефурӯшанд, вале соли 2015 Олмон низ ба арзиши 200 миллион доллар иҷозатномаи фурӯши силоҳ ба Риёро имзо кардааст.

Бино ба омори СММ аз оғози даргириҳо дар Яман наздик ба 6 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки ниме аз онҳо ғайринизомиёнанд.

Тасвиби ин тарҳ барои ҳар кишвари дигар ҳатмӣ нест, аммо намояндагони Парламенти Аврупо мегӯянд, метавонанд давлатҳои Аврупоро барои тавофуқ сари таҳримҳои таслиҳотии Арабистон ба хотири хатми ҷанг дар Яман зери фишор қарор диҳанд.

Маврид ба ёдоварист, ки эътилофи зидди ҳусиҳои зайдии Яман бо сарварии Арабистони Сауди 9 моҳ пеш созмон ёфта буд ва ҳадафи он ҳимоя аз ҳукумати Абду Рабби Мансур Ҳодӣ дар Яман аст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?