Пан Ги Мун: “Ҷиноёте, ки бо номи дин содир мешавад, алайҳи дин равона шудааст”

Дабири кулли СММ гуфтааст, ки тамоми ҷиноятҳое, ки ба номи дин содир карда мешаванд, дар асл бар зидди дин анҷом меёбанд.

Ин нуктаро Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид 10-уми июн дар Кунгураи пешвои динҳои ҷаҳонӣ ва мазоҳиби суннатӣ дар Остонаи Қазоқистон иброз доштааст. Ба гуфтаи ӯ, “пешвоёни динӣ ӯҳдадоранд, ки пайравони худро аз содир кардани ҷиноят ба номи Худо боз доранд. Ҳамаи ин ҷиноятҳое, ки бо номи Худо содир карда мешаванд, дар асл онҳо бар зидди дин анҷом мешаванд”.

 Пан Ги Мун дар робитаи ба густариши фақр гармшавии сайёра гуфтааст, ки мо нахустин насле ҳастем, ки метавонем бар фақри ҷаҳонӣ хотима бахшем ва мо охирин насле ҳастем, ки метавонем мушкилоти тағйирёбии иқлим ва гарм шудани дамои ҳаворо пеш аз он, ки дер шавад,  камтар кунем.

Дибири кулли СММ дар нақшофарӣ ва раҳбарӣ карда тавонистани рӯҳониёни дунё таъкид кардааст, ки мо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мебинем, ки рушд кардани маърифтаи сиёсӣ ба пешвоёни динҳои ва раҳбарони мазоҳиби суннатӣ рабт дорад. Онҳо дар ин замина нақши худро иҷро мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯҳониён ва раҳбарони динҳо метавонанд тибқи арзишҳои мазҳабӣ ва эҳтироми ҷомеа ба мисли ширеш дар байни мардум хидмат кунанд. Раҳбарони динҳо метавонад дар роҳи расидан ба ҳадафҳои башардӯстона нақши мусбат иҷро кунанд. Ин кори онҳо ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ мувофиқат мекунд ва ба таълимоти динҳои ҷаҳонӣ низ муғойирате надорад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?