Озодии пеш аз муҳлати мухолифи ҳукумати Ислом Каримов аз зиндон баъди 21 сол

Мурод Ҷӯраев баъди озод шуданаш аз зиндон

Як мухолифи ҳукумати Ӯзбакистон, ки 21 сол боз дар маҳбас аст, ду моҳ қабл озодиаш аз маҳбас раҳо карданд.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, 12-уми ноябр Мурод Ҷӯраев, аз мунтақидони ҳукумати Ислом Каримов дар Ӯзбакистон аз зиндон озод шуд. Ӯ 63 сол дошта, аз 18-уми сентябри соли 1994 дар маҳбас будааст.

Дар солҳои аввали истиқлол аз чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ дар ин кишвар буд, ки солҳои 1989-1992 дар вазифаи раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Муборак кор мекард. Аз ҳукумати нави Ӯзбакистон шадидтан интиқод мекард. Солҳои 1991-1992 вакили парламенти Ӯзбакистон буд.

Ӯро бо иттиҳоми ҳамрайъӣ бо сарвари ҳизби мухолифони “Эрк” Муҳаммад Солеҳ 12 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум мекунунад. Баъдан тибқи як авфи умумӣ муҳлати ҷазои ӯро то се сол коҳиш доданд. Ҳамин тавр бо иттиҳомоти гуногун, аз қабири “риоя накардани низоми маҳбас” ба ҳукмаш солҳо зам мешуд. Моҳи декабри соли равон муҳлати иҷрои ҷазо ба интиҳо мерасид.

Озодии Мурод Ҷӯраевро дар Ӯзбакистон ба сафари ахири Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи ИМА ба Тошканд рабт медиҳанд. Мегӯянд, ин зиндонӣ сиёсӣ бо тақозои ИМА раҳо шудааст.

10-уми ноябр гуруҳе аз фаъолони созмони ҳифзи ҳуқуқи “Эзгулик” ба зиндоне рафтаанд, ки Ҷӯраев дар он зиндонӣ буд. Расонаӣ хабар доданд, ки баъди аёдати маҳбус ин созмон аз ҳукумат талаб кард, ки бар пояи арзишҳои башарӣ ва башардӯстона Ҷӯраевро озод кунад. 

Аммо таҳлилгарони мустақил мегӯянд изҳороти ягона созмони ҳифзи ҳуқуқе, ки дар Ӯзбакистон расман сабти ном шудаву амал мекунад, наметавонад ба сари худ сабабгори аслии озодии маҳбусе назири Ҷӯраев шавад. Эҳтимол меравад дар ин бора Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар ҷараёни сафараш ба Узбакистон бо Ислом Каримов гуфтугӯ кард.

“Сафари Керрӣ ба озодии ин зиндонии сиёсӣ таъсир дорад. Мо аслан интизор будем, ки дар арафа ва ё рӯзҳои диду боздиди вазири умури хориҷии Амрико касе аз ҷумлаи маҳбусони сиёсӣ озод мешаванд, вале ин кор сурат нагирифт. Ҳоло яқин мешавад, ки ИМА омода аст бо Ӯзбакистон равобити густарда дошта бошад, аммо танҳо ба он шарт, ки режим хушунат алайҳи мухолифонашро коҳиш медиҳад ва як ё ду тан аз чеҳраҳои матраҳро аз зиндонҳояш озод мекунад.  Ва Ҷӯраев ҳамон “гаронвазнест”, ки лозим аст”,- хабар додааст хабаргузории “Фарғона” истинодан ба як мақоме дар ҳукумати Ӯзбакистон, ки вазъро аз наздик медонад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Salom
Чон керриро чи гам аст,ки кадом бегунохе дар зиндон мепусад

Шояд шумо суол ё назаре доред?