Ошкор шудани гумонбари аслӣ дар силсиладуздиҳои ноҳияи Рӯдакӣ

Як ҷавони 23-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми силсилсадуздиҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, гумонбаршуда аввалҳои моҳи октябри соли равон, пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо таҷҳизотҳои сантехникӣ, ҷамъ ба маблағи 9052-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамчунин, дастгиршуда бо ҳамин роҳ, аз сокинони дигари ҳамин ноҳия аз хонаи зани 47-сола асбобу анҷоми рӯзғор, ҷамъ ба маблағи 1785-сомонӣ, аз хонаи истиқоматии марди 36-сола як адад ноутбуки тамғаи “АСЕР”,  2500-доллари амрикоӣ ва 60000-рубли русӣ, ҷамъ ба маблағи 30000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?