Ошкор шудани 7 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ

Дар нимсолаи гузаштаи соли равон дар кишвар 7 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Вазири корҳои дохилӣ, дар 7 ҳолати мазкур 33 нафар ноболиғон ғайриқонунӣ ба тадриси илмӣ-динӣ машғул будаанд.

Ҷаноби Раҳимзода ҳамчунин гуфт, “136 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян ва ба қайд гирифта шудааст.”

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ноболиғон танҳо дар муассисаҳои таълимии диние, ки иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро доранд ҳаққи гирифтани таълимоти диниро доранд. Инчунин волидайн ҳақ доранд худ ба фарзандонашон таълими динӣ бидиҳанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?