Оршавин: “Аз Нигина Амонқулова узр мепурсам”

Овозхони эронӣ, ки барои “дуздӣ” – и таронаи “Дар оғӯши ту мемирам” – и Нигина Амонқулова муттаҳам мешуд, узрхоҳӣ мекунад.

Алии Зореъӣ, мулаққаб ба Оршовин, тайи як тамоси катбӣ тариқи интернет ба TojNews гуфт, ин таронаро яке аз дӯстони эрониаш ба ӯ тақдим карда, огоҳ накардааст, ки оҳангу шеър ба кӣ тааллуқ дорад. Вай мегӯяд, қабл аз ин ки оҳангро бихонад, намедонист, ки оҳанги хонуми Нигина мебошад, аммо пас аз он ки оҳанг мунташир шуд, фаҳмид, ки ин оҳанг тоҷикӣ буда ва хонуми Нигина онро хондааст. “Ин ҷо ман аз хонуми Нигина маъзаратхоҳӣ мекунам” – менависад Оршовин. Ва тариқи TojNews узри худро ба Нигана Амонцулова расонданӣ аст

Қаблан расонаҳо аз қавли Тобиш Ҳилолӣ ва Нигина Амонқулова хабар дода буданд, ки овозхони эронӣ бидуни иҷозаи онҳо таронаи "Дар оғӯши ту мемирам"- ро на фақат хонда, балки номи муаллифони матну оҳангро ҳам тағйир додааст. Аз ин хотир, онҳо мехоҳанд Оршовинро ба додгоҳ кашанд.

Муаллифи оҳанг Тобиш Ҳилолӣ ва соҳиби матн - Мирзоҳусайни Бадалипур, мутахаллис ба Меҳрвар аст. Аммо Оршовин матни сурудро аз Ойсон Ибодӣ ва оҳангашро аз Фарзод Адҳамӣ муаррифӣ кардааст.

Зимнан, он чӣ дар ин тарона аз Эрон аст, мисраи аввал - “Дар оғӯши ту мемирам” аст, ки ба шоири маъруф Нодири Нодирпур тааллуқ дорад ва шоири тоҷикро таҳрик додааст. Ин, ки мисраъи аввали ин шеър ба шоири эронӣ тааллуқ дорад, низ нав ошкор мешавад.

Ин бори нахуст нест, ки баҳси “аз ману аз ту” миёни овозхонони тоҷик ва эрониву афғон ба миён меояд. Соли гузашта миёни Баҳром Ғафурӣ ва Валӣ, овозхони афғон сари ду тарона баҳси муаллифӣ ба миён омад. Валӣ таронаҳои “Дар ин замона” ва “Ҳамсоядухтар” – ро бозхонӣ карда, бидуни ҳеҷ навоварӣ онҳоро ба худ мутааллиқ донист. Валӣ маъзартхоҳӣ кард.

Соле пештар нафароне хостори ба додгоҳ кашида шудани Моҳира Асалхӯҷаева, овозхони ӯзбакистонӣ барои бозхонии таронаи “Наравад” – и Шабнами Сурайё шуда буданд.

Солҳои охир чунин маворид зиёд иттифоқ меафтад, ки ҳатто ба “дуздидан” - и сенарияи клипҳо овозхонон муттаҳам мешаванд. Ва коршиносон инро ҳам зикр мекунанд, мардуми минтақаи мо фарҳанги хеле наздик ва ҳатто муштарак доранд ва тайи таърих даҳҳо таронаву оҳанг аз ин ба ин халқ интиқол ёфта, “худӣ” шудаанд. Ба қавли онҳо, ҳоло низ ҳамон раванд идома дорад, аммо асри фанновариҳои нав воқеиятҳои худро дорад.

Таронаи Нигина Амонқулова:

Таронаи Оршовин:

 

 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Сагра сахти бад хуб хондастуш Ош шава Бахшидемут братишка
Ман ба Нигина Амонкулова мурочиат карданиам, ки кай акли ту хам медарояду аз хофизони давраи Шурави узр мепурси. Зеро 9 сол аст, ки ту сурудхои онхоро хонда худатро як бало карда машхур карди ва бо ин амалат арвохи бисёре аз онхоро ранчонди.
Точнюс,ту чаро нИгинаро реклама дори ?????дар инчо гуфти :Алии Зореъӣ, мулаққаб ба Оршовин, тайи як тамоси катбӣ тариқи интернет ба TojNews гуфт.:бо дар инчо менависи,менависад.Ин ҷо ман аз хонуми Нигина маъзаратхоҳӣ мекунам” – менависад Оршовин. ира чихел фахмем... дар хакикат ин оханг баъди сурудани ин чавон шунавадаи асилша меёва...
тамоси катбӣ - ш интернетанда сухбат карагаи гуфтагиш де даст кати руча )))
Нигина айба дон, ин кадар сурудхои овозхонони эрониву афгонро дузди карда мехонед, ягон маротиб онхо харфе гуфтанд? Дар хотирам аст дар як мусохиба Сабури овозхони афгони бо Харамгули Кодир дар мавриди копи хондани сурудош дар Точикистон гуфта буд, ки " аз суруди мо нафаре ки пораи нон меёбад мо хурсанд мешавем ва даъво надорем". Оё ин маъниро дарк мекуни. Якум ки шеър сар то ба по аз Нодири Нодирпур аст, охангаша намедонам.....Аммо як эронии дигар бача ина мехонад дар дискхо аст...Пасфардо овозхъонони Эрони Шабнаму Фарзона ва туро ба суд диханд чи кор мекуни ???Ё кани суруде ки ту аз худат хонди? Ханифа Мавлонова бечораро ва Шоиста Мулочоноваро норохат карди...
Дузди зур сохиби гова бастааст. Нигина худаш як дузди калон Оршовинро ба дузди гунахкор мекунад. Ягон суруде дори нигина ки аз худат бошад? Не Надори. Дар дузди машхури дунё шудаед шумо хофизчахои навбаромад ки бо бешармона баъзе бехабарон звездаву ситораву солнцаву луна мегуянд шуморо ва шумо бовар кардаед ки ситораед. Дар асл чени як шамъ нур надоред. Аввал чавоби дуздихои худатонро дихед баъд Оршовинро тухмат кунед. Офарин Оршовин ин таронаро машхур карди. Рахмат ба Бадалипур ки матн аз уст.
Нигинка, ты себя переоцениваешь. На самом деле обычная ду.а. Не надо быть таким, спустись на землю
Пахххх ганда зур хондай Ай нигина да Аршавин нагз хондагияй, нигина медони чи Аму сурудои Мулочоновара кошота парондааа хондан гир)))
Браво Согдианка )
тенч хондай ку... ғам натиен и бачара

Шояд шумо суол ё назаре доред?