Омӯзиши маҳорати раҳбариро ба ҷавонони Хатлон аз Кӯлоб сар карданд

Дар доираи Барномаи миллии рушди ҷавонон, барои солҳои 2016-2018 Ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши ҷавононро ба маҳорати роҳбарӣ дар вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб шуруъ кард.  

Тренингҳо дар мавзӯи «Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон» дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуданд, ки дар он ҳудудан 75 нафар аз навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат доштанд.    

Бино ба иттилои расмӣ, ин тренинг бо мақсади мусоидат ба ҷавонон дар самти иштирок дар рушди кишвар ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст. 

-Ба ҷавонон маълумоти муҳим вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни рушди роҳбарӣ дар ҷавонон, аз ҷумла сифатҳои роҳбарӣ, мақсад ва вазифагузорӣ, роҳҳои расидан ба мақсад, истифодаи самараноки вақт ҳамчун усули рушди малакаҳои роҳбарӣ, усулҳои муошират ва суханварӣ, зинаҳои роҳбарӣ ва усулҳои ташаккули маҳорати роҳбарӣ омӯзонида шуд, -зикр мекунад манбаъ.

Ҳамчунин, Кумитаи ҷавонон таъкид кардааст, ки зарурати ташкили машварат,  пеш аз ҳама, ба ҷавонкунонии низоми идораи ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда, он ба талаботи сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад.

Тренинги мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2018» амалӣ гардид.

Дар назар аст тренинги мазкур ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ баргузор карда шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?