Омодагиҳо ба размоиши ҳарбии кишварҳои узви СҲШ дар Қирғизистон

Қирғизистон эълон кард, ки дар ин кишвар омодагӣ ба баргузории размоиши муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой оғоз шудааст. 

Ин размоиш моҳи сентябри соли ҷорӣ бо номи “Рисолати сулҳ-2016” бо ширкати неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва Русия баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои вазорати мудофеаи Қирғизистон, қарор аст таҳлилгарони ҳарбӣ ва масъулини ситодҳои вазоратҳои дифоъ масоили вобаста ба ин размоишро мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд ва рӯзи 17-уми март дар поёни нишаст протоколи ҷамъбастӣ имзо шавад. 

Размоиши зиддитеррористии мазкур ҳар ду сол як маротиба дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ доир мешавад. Муоҳадаи баргузории ин размоиш 27-уми июни соли 2007 имзо шуда буд. Он соли 2007 дар Русия, 2010 дар Қазоқистон, 2012 дар Тоҷикистон ва соли 2014 дар Чин баргузор шуда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?