Омодагии донишҷӯён ба "Роҳпаймоии бузург"-и 9-уми сентябр

Ҳудуди 48 ҳазор донишҷӯ аз мактабҳои олии Тоҷикистон барои иштирок дар роҳпаймоии бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тамрин мекунанд.

Як устоди Донишгоҳ дар суҳбат ба TojNews гуфт, ки донишҷӯён бояд, ки то рӯзи таҷлили истиқлолият омода шуда ва дар роҳпаймоии бузург иштироки фаъол дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки дар роҳпаймоии бахшида ба рӯзи истиқлол ҳудуди 20 дарсади он иштирок хоҳанд кард. Дар ин роҳпаймоӣ дар баробари бардоштани парчами Тоҷикистон инчунин акси Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ҳам ва шиору овезаҳо барафрохта мешаванд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни ҷаласаи Ҳукумат оид ба омодагӣ ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз баргузории роҳпаймоии бузург ёдовар шуда буд.

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо супориш додааст, ки то 9-уми сентябр камбудиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро ҳал карда бо дастовардҳои меҳнатӣ дар ин рӯз иштирок кунанд.

Ба чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, то шаҳрак ва маҳаллаҳои худро таъмиру обод намуда, ба дастгоҳ маълумот пешниҳод кунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?