Олмон дар қонунҳои низоми муҳоҷираташ таҷдиди назар мекунад

Олмон дар садади тағйироти бунёдӣ ва ислоҳоти низоми муҳоҷират қарор гирифтааст. Ахиран якдаста қонунҳои муҳоҷират омода шудаанд, ки дар сурати қабул паноҳандагон ба мушкили зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Бино багузориши хабаргузориҳои ин кишвар, яке аз ин санадҳои тозатаҳия тадбирест, ки тибқи он муҳлати даъвати хешовандони муҳоҷир дароз карда мешавад. Муаллифони пешниҳод бар ин назаранд, ки муҳоҷир баъди будубоши дусола ҳақи даъвати хешонашро хоҳад дошт.

Аз сӯйи дигар Марокаш, Алҷазоир ва Тунис кишварҳои амн номида шудаанд ва сокинони онҳо дароянда ба мушкил вориди Олмон хоҳанд шуд.

Ангела Меркел,садриаъзами Олмон гуфтааст, ки “аз ин ба баъд ҳар рӯйдод мушаххас ҷиддан омӯхта мешавад, ниҳодҳои Олмон ҳар муҳоҷирро меомӯзанд, ки аз куҷо ва чаро омад. Мехоҳем касонеро қабул мекунем, ба шароити Олмон мутобиқ шаванд,тибқи қонунҳои он зиндагӣ кунанд ва касонеро, ки намепазирем, ба ватанашон баргарданд”.

Мақомот мегӯянд, ҳамзамон масъалаи ташкили системаи ягонаи сабти ном ва шаҳодатномаи ягона барои ҳамаи муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, то воридшудагон натавонанд дар ҳар шаҳр бо номҳои гуногун сабти ном нашаванд. 

Хабар дода мешавад, ки рӯзи чоршанбеи гузашта ҳудудан 50 муҳоҷири ироқӣ, ки Олмон қабул накард, ихтиёран ба ватанашон баргаштанд.

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи як соли ахир дар пасманзараи ташаннуҷи авзоъ дар Сурия ва Ироқ мавҷи муҳоҷирати мусалмонон ба кишварҳои Аврупо афзуд ва ин водор кард, ки давлатҳо дар низоми қабули паноҳандагон таҷдиди назар кунанд.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?