Олимон мегӯянд, мардони нерӯманд зиндагонии тӯлонӣ надоранд. Чаро?

Бархе аз муҳақиқони амрикоӣ бар ин назаранд, ки мардони воқеъӣ касоне ҳастанд, ки ҷасур, неруманд ва нотарсанд. Маҳз онҳоянд, ки заъифонро ҳимоя мекунанд.

Вале пажуҳиши охир, ки хулосаи онро маҷаллаи Preventive Medicine интишор додааст, мегӯяд мардони нерӯманд худ ба ғамхории дигарон ниёз доранд, зеро онҳо умри дароз намебинанд.  

Дар ҷараёни таҳқиқот равоншиносон Диана Санчес ва Мэри Химмелштейн аз донишгоҳи Ратгери ИМА миёни чор гуруҳи ихтиёриён пурсиш гузарониданд.

Дар гуруҳи аввал 250 мард буд ва олимон аз онҳо хостанд пурсишномаи онлайнро пур кунанд. Саволҳо асосан дар бораи мардонагӣ буд ва ҳамчунин пурсида мешуд, ки дар сурати зарурат ба назди духтури мард мераванд ва ё духтури зан.  Маълум шудааст, ки мардоне, ки аз ҷасорату мардонагӣ ҳарф мезанад ва ё аз нигоҳи ҷисмониву нерӯмандӣ ҳамто надоштанд, бештар духтурони мардро интихоб кардаанд. 

Ин афрод гуфтаанд, ки духтурони мард назар ба духтурони зан салоҳияти бештар доранд.

Дар гуруҳи дуюм 250 донишҷӯи ҷинси мард буд. Ба онҳо низ ҳамин саволҳо дода шуд, вале на дар шакли онлайн. Ва боз ин ки пурсандагон дар тан хилъати сафед доштанд.

Мо ошкор кардем: касоне, ки  дар пурсиш ширкат доштанд ва дар посух ба саволҳо дар бораи мардонагӣ соҳиби холҳои баланд шуданд, ё рафтан ба назди духтурро ба вақти дигар мегузоштанд ва ё духтури мардро интихоб мекарданд. Вале дар ин ҳол ҳам онҳо дар бораи дардҳои худ бо вай ошкор ҳарф заданӣ набуданд.  Мардон шарм медоранд ва намехоҳанд заъфи худро ба духтурон арз кунанд,- шарҳ додааст Санчес.

Ба андешаи ин пажуҳишгар ҳоло аксари кулли дарозумрони олам занонанд, мардон ба ҳисоби миёна панҷ сол камтар аз занон умр мебинанд ва фарқияти физиологии марду зан наметавонад фаҳмонад, ки чаро чунин аст. Дар ҷараёни таҳқиқот онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки дарки анъанавии мардонагӣ ба давомнокии умр таъсири баръакс дорад.  

Ва ба гуруҳи сеюм 198 марду зан, ба гуруҳи чаҳорум 298 марду зан пурсида шуданд.

Хулосаи таҳқиқот ҷолиб буд: на танҳо мардони пурқувват, балки занон ҳам  майли зиёде пеши духтур рафтан надоранд ва ҷолиб ҳам он аст, ки онҳо низ худро ҷасуру солим медонанд.   

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?