Оғози тамрини ҳарбии муштараки Тоҷикистону Русия дар Лоҳур

Ҳарбиёни рус бо ҳамтоёни тоҷики худ ба тамрини нави муштарак оғоз кардаанд, ки “Омӯзишҳои токтикӣ дар маҳал бо тирпарронӣ дар размоишгоҳи куҳии Лоҳур” унвон мешавад.

Дар ин бора имрӯз аз Округи ҳарбии Марказии Русия ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

 Воҳидҳои гуруҳи токтикии пойгоҳи ҳарбии 201 Русия субҳи имрӯз, 13 –уми сентябр бо бонги хатар ба по хестанд ва бо техникаи ҳарбӣ то ноҳияи баргузории машқҳо расиданд. Муддати як ҳафтаи оянда сарбозон, сержантҳо ва афсарон дар ин размоишгоҳ як силсила барномаҳои машқиро иҷро хоҳанд кард. 

Манбаъ мегӯяд онҳо малакаҳои ҳифозат ва ҳамла, такмили манёврҳо, ҷустуҷӯ, масдудсозӣ ва нобуд кардани душмани шартиро машқ мекунанд.

“Дар маҷмуъ дар машқҳо наздик ба 200 техникаи ҳарбӣ ва то 800 хизматчии ҳарбии ду кишвар ҷалб шудаанд”,- омадааст дар гузориши дафтари матбуотии Округи ҳарбии Марказии Русия.  

Маврид ба ёдоварист, ки ба дунболи афзоиши таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон баргузории ин гуна тамринҳои муштараки ҳарбӣ ба нафъанд. Зарфи ду ҳафтаи охир гуруҳи Толибон дар Афғонистон амалиётҳои ҳарбии худро дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ташдид бахшидаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?