Дар Душанбе барои Раёсати Консулгарии ВКХ бинои нав месозанд

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд.

Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати 1 сол то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сохта шавад.

Маблағи пешакии сохтмон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?