Оғози сафари зоирини тоҷик ба Арабистон

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Бино ба иттилои Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, гуруҳи нахустини ҳоҷиёни тоҷик 21-уми август аз Фурудгоҳи Душанбе шаҳри Мадинаи Мунаввара парвоз намуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, зоирони тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам ҷойгир карда шудаанд. " 22-юми август ин гурӯҳи зоирони мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди “Қубо”, масҷиди “Қиблатайн”, кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд. Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара, зоирон ба Маккаи мукаррама мераванд."

Дар назар аст, ки соли равон ҳоҷиёни тоҷик тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва ширкати ширкати худи Арабистони Саъудӣ Flynas (Флайнас) баро адои маросими Ҳаҷ сафар кунанд.

Сафари ҳоҷиёни тоҷик аз 21-уми август шуруъ шуда, то 5-уми сентябр давом мекунад. Бозгашти ҳоҷиён аз 17-уми сентябр шуруъ мешавад. Соли равон нархи сафари Ҳаҷ 28 ҳазору 649 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Таъкид мекунем, ки нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон нисбат ба нархи ҳаҷ дар Қирғизистон 1000 доллар зиёдтар мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?