Оғози расмии додугирифти мол бо сомонӣ ва юан

13-уми декабр дар шаҳри Урумчии Чин маросими оғози додугирифти мол бо сомонӣ ва юани чинӣ баргузор гардид.

Аз ин пас тоҷирони тоҷик метавонанд бидуни доллар низ аз Чин бо асъори миллии ин кишвар - юан мол харидорӣ кунанд.

Созишнома дар бораи додугирифти мол бо сомонӣ ва юани чинӣ ҳанӯз 3-юми сентябри соли равон ба имзо расида буд.

Талошҳо барои барқарор кардани додугирифти мол бо сомонӣ ва юан ҳанӯз аз оғози соли равон садо дода буд. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бо мақсади аз фишори доллар раҳо кардани сомонӣ ба додугирифти бидуни доллар роҳ мекушоянд.

Додугирифти мол миёни ду кишвар бо усули “своп” (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) сурат мегирад ва дар назар аст, ки Тоҷикистон барои ин кор аз Чин то 1 млрд. юан ё муодили 500 млн. доллар маблағ дарёфт кунад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?