Оғози Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар Суди Фирдавсӣ

Мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар назар аст соати 10:00-и имрӯз 3-юми май дар бинои Суди ноҳияи Фирдавсӣ оғоз шавад. 

Бино ба иттилои қаблӣ мурофиа мебоист дар бинои Суди шаҳри Душанбе баргузор шавад, аммо ба сабаби таъмири ин бино, мурофиа ба бинои Суди ноҳияи Фирдавсӣ кӯчонда шудааст. 

Рустам Ҳакимов, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров, ки ҳимояи адвокати маъруфро ба уҳда гирифтааст, -мегӯяд, мурофиа ба таври ошкоро ва бо иштироки намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ВАО баргузор шавад. 

Наздикони Ёров мегӯянд, аз хизматгузориҳои адвокат Бобоҷон Ёқубов даст кашида, 

Ҳамчунин дар курсии айбдоршавандагони ин мурофиа Бадриддин Тоиров ҳаст, ки гуфта мешавад бо Бузургмеёҳр Ёров боздошт шудааст. 

Мақомот Бузургмеҳр Ёровро дар қаллобӣ, сохтакорӣ, ифротгароӣ, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам медонанд.

Бузургмеҳр Ёров, собиқ раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” аз 28-уми сентябри соли гузашта  инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ӯро кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД барои бозпурсӣ даъват карда, ҳамон рӯз боздошт намуданд. Субҳи 29-уми сентябр ВКД аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод. Нахуст алайҳи ӯ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Баъд аз 2 моҳ мақомот хабар доданд, ки нисбати Ёров инчунин бо моддаи 307 қисмҳои 1, 2 ва моддаи 189 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам дониста мешавад.

 Ӯ замоне боздошт шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи 13 тан аз боздоштшудаҳои аъзои шӯрои сиёсии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон)-ро ба ӯҳда гирифт. Баъди чанде мақомот гуфтанд, парвандаи Ёров муҳри махфӣ гузошта шудааст. Боздошти Бузургмеҳр Ёров ба вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ шуда буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?