Оғози Чемпионати Аврупо оид ба футбол

Дар Порис Чемпионати Аврупо оид ба футбол шуруъ шуд. Ин дафъа 24 дастаи мунтахаб, ки аллакай ба 6 гуруҳ, (дар ҳар кадом 4 даста) гуруҳбандӣ шудаанд, аз 10-уми июн то 10-уми июл сабқат хоҳанд кард.

Бозиҳоро дастаи мунтахаби кишвари мизбон – Фаронса шуруъ мекунад, ки бо дастаи мунтахаби Румон ба майдон меоянд. Дар ин гуруҳ ҳамчунин дастаҳои Албания ва Шветсария шомил шудаанд.

Бозиҳо дар Порис, Сен-Ден, Лион, Марсел, Лилл, Бордо, Тулуз, Ницц, Сент-Этьен ва Лонс баргузор мешавад.

Сентябри соли 2008 Иттиҳодияҳои аврупоии футбол (УЕФА) тасмим гирифт, ки теъдоди дастаҳои ин мусобиқаро аз 16 то 24 зиёд кунад. Ҳамин тавр аз 54 даста 23 тои онҳо ҳаққи ширкат дар ин сабқатро дарёфт карданд. Бо шумули Фаронса 24 даста имсол барои Ҷоми Аврупо мубориза хоҳанб бурд.

Дастаҳои ба 6 гуруҳ тақсим шудаанд, ки дар ҳар кадом 4 даста миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар бозии 1/8 финал ду дастаи аввали гуруҳ ба майдон меоянд, ҳамчунин чор дастаи мунтахаб, ки дар бозиҳои гуруҳашон дар ҷойҳои сеюм қарор гирифтаанд, сабқат мекунанд.

Ин бори аввал дар таърихи ин мусобиқот аст, дастаҳое, ки ба финал роҳ меёбанд, бояд 7 бозӣ анҷом бидиҳанд.

Бозии рамзиро дар гуруҳи “А” Фаронса шуруъ мекунад, ки бо дастаи мунтахаби Румон сабқат хоҳанд кард. Дар ин гуруҳ ҳамчунин Албания ва Шветсария шомил шудаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?