Оғози ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дар Остона

Бино ба гузориши расонаҳо, дар шаҳри Остона, пойтахти давлати Қазоқистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой ба кори худ оғоз кард.

Қарор аст, ин ҷаласа дурнамои таҳкими иртиботҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитариро миёни кишварҳои узв мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳад.

Ҳамзамон бо ин сарони ҳукуматҳо ҷараёни татбиқи барномаҳои  бисёрҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодии мамолики узви СҲШ, номгӯи тадобири дигари таҳкимбахшанда ба ин ҳамкориҳо дар солҳои 2012-2016 ва  ташкили механизми молиявии татбиқи онҳоро баррасӣ кунанд. 

Дар кори ин ҷаласа Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ширкат дорад.

Интизор меравад, ки дар поёни нишаст изҳороти муштарак имзо намоянд.  

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?