Оғози бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чех

Чанде пас дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор мегардад.

Дар ин бизнес-форум, ки имрӯз 26-уми ноябр баргузор мешавад, сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амвол, дар ин бизнес-форум беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Чех, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бизнес-форум масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур ба ҳозирин филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?