Обама аз масҷиде дар Балтимор дидан мекунад

Имрӯз, президенти Амрико Барак Обама аз масҷиде дар Балтимор бо мусалмонон дидор мекунанд.

 Қарор аст дар аввалин дидораш бо мусалмонон дар масҷиди Балтимор президенти Амрико Барак Обама масъалаҳоеро мавриди баҳс қарор диҳад, ки вақтҳоиохир пайравони ислом дар ин кишварро нигарон кардаанд.

Дабири матбуотии Кохи Сафед Ҷош Эрнест гуфтааст, ки “президент бо пешвоёни ҷомеаи мусалмонон дидор мекунад ва дар ҷараёни муколама аз онҳо хоҳад пурсид, ки аз чӣ ҳарос доранд, дар чӣ бора меандешанд? Президент ин мулоқотро бесаброна интизор аст”.

Манбаъ ба хабаргузориҳо ҳамчунин гуфтааст, ки Сарвари Кохи Сафед дар ин дидор ба намозгузорони ин масҷид муроҷиат хоҳад кард, то бигӯяд, ки амрикоиҳои пойбаста ба қонун мутобиқ ба ҷаҳонбинии динӣ ва анъанаҳои худ бояд ба Худо эътиқод дошта бошанд, то ин ки ба касе дар эътиқоду боварӣ халал нарасонанд”.

Коршиносон мегӯянд, таваҷҷуҳи президенти Амрикоро бештар аз ҳар вақти дигар муносибат бо дин ва бахусус мусалмонон ба худ ҷалб кардааст. Ба вижа ин шабурӯзе, ки баъзе номзадҳо ба курсии раёсати ҷумҳурӣ дар бораи дини ислом ва мусалмонон сару садоҳое бармедоранд. Аз ҷумла, Доналд Трамп чанде пештар даъват кард, ки ба хотири таъмини бехатарӣ муваққатан вуруди мусалмонон ба Амрикоро манъ кунанд. Вай мегӯяд мусалмонон Амрикоро чашми дидан надоранд ва метавонанд миллатро зери хатар гузоранд.

“Бо назардошти баҳсҳои сиёсӣ, ки дарайни замон пеш меравад, хеле муҳим аст, ки президент аз мавқеъи кулли мардум дифоъ кунад”,- гуфтааст Майя Беррӣ, ҷонишини директори пажуҳишгоҳи арабуамрикоӣ бо ишора ба даъватҳои Трамп. - Дар натиҷа ҷавонони мусалмони Амрико, ки дурӯягиҳои номзадҳоро аз тариқи шабакаҳо дидаанд, вазъро дигаргуна ба тасаввурхоҳанд дод, чун мебиннад, ки Обама назди онҳо омадааст ва ин худ паёми хубест”.

Эрнст гуфтааст, ки “Обама дар суханрониаш дар масҷид ба нақши калидии мусалмонон дар ҳалли масоили сиёсиву иҷтимоӣ таъкид хоҳад кард”. 

“Набояд мусалмонон дар маркази истеҳзо қарор гиранд ва таъқиб шаванд, бахусус, азҷониби касоне, ки қасд доранд сарварии мамлакатро ба уҳда гиранд”,- гуфтааст ӯ.

Аммо аз мулоқоти Обама бо мусалмонон дар масҷиди Балтимор на ҳама хуш истиқбол кардаанд. Ширкати телевизионии FoxNews дар гузорише гуфтааст, ки президент Обама ба масҷиде меравад, ки мақомот иртиботи онро бо гуруҳҳо ҷиноиву экстремиистӣ тайид кардаанд.

Зуҳди Ҷассер, намояндаи Анҷумани исломии демократии Амрико дар суҳбат бо FoxNews гуфтааст, ки ин масҷид аз гуруҳҳои тундрав пайравӣ мекунад ва ба мусалмонони муосир ва сулҳдӯст ҳеч иртибот надорад.

Ин ҷо бештар сухан дар бораи имоми пешини он  Муҳаммад Одам эл-Шайх меравад, ки аз Судон омадаву солҳои дароз имоми ин масҷид будааст ва бо бародарони исломии Судон ва кишварҳои дигари арабӣ иртибот доштааст. 

Маъмулан раисони ҷумҳури Амрико дарҳолатҳои сангин бо мусалмонон дидар мекунанд, то роҳҳои бурунрафт аз буҳронҳоиҳуввиятӣ ва мушкилот бо ҷомеаи исломиро баррасӣ кунанд. Баъди ҳодисаи 11-умисентябр низ Ҷорҷ Буш бо мусалмонон дар масҷиди Вашингтон дидор кард, тосӯитафоҳумҳоро рафъ кунад ва гӯяд, ки сиёсати Амрико зиддиисломӣ нест, балкизидди гуруҳҳоест, ки амнияти ҷаҳонро таҳдид мекунанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?