Номзади пешбарикардаи Путин раиси Думаи давлатии Русия шуд

Вячеслав Володин раиси даъвати ҳаштуми Думаи давлатии Русия интихоб шуд. Владимир Путин, президенти Русия номзадии Володинро ба ин мақом пешниҳод карда буд.

Володин муовинии роҳбари дастгоҳи президенти Русияро бар уҳда дошт.

Александр Жуков, вакил аз Ҳизби "Русияи воҳид" ва Иван Мелников, вакил аз Ҳизби коммунистии Русия муовинони раиси Думаи давлатӣ интихоб шуданд.

Владимир Путин мудири кулли ширкати "Росатом" Сергей Кириенкоро дар курсии холишудаи Володин дар дастгоҳ таъйин кардааст.

Володин соли 2011 баъди истеъфои Владислав Сурков вориди дастгоҳи президенти Русия шуд.

Вай масоили сиёсати дохилиро роҳбарӣ мекард. Володин дар соли 2014 зимни яке ҷаласаҳо гуфта буд, ки "Путин набошад - Русияи имрӯз ҳам нест" ва бо ин гуфтааш машҳур шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?